ВидеоМуҳоҷиронҲодиса

ДАР НОВАЯ МОСКВА 5 КОРГАР БА ШАХТАИ ЛИФТ АФТОДАНД. ДУИ ОНҲО, АЗ ҶУМЛА ЯК ТОҶИК ҶОН БОХТААНД (3 АКС)

Шумораи ҳалокшудагон бар асари ба шахтаи лифт афтодани коргарон дар Новая Москва ба 2 нафар расид. Дар ин бора рӯзи 12 феврали соли 2023 дар Телеграм-каналаш додситонии шаҳри Маскав бо нашри чанд акс аз ҷои ҳодиса хабар дод.
Рӯзи 10 феврал дар сохтмони бинои як маркази логистикӣ дар шаҳраки  Марушкинское  дар минтақаи Новая Москва дар канори пойтахти Русия 5 коргар ба шахтаи лифт афтоданд. Яке аз онҳо дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расид ва дуюмӣ – дар беморхона. Соли таваллуди ҳарду коргари ҳалокшуда 1988 будааст.

Бино ба иттилои додситонии Маскав, боз 3 коргари дигар – соли таваллуди якеаш 1974 ва соли таваллуди дуи дигар 2003 дар бемористонҳо таҳти табобат қарор доранд.

Додситони ҳавзаҳои Троитский ва Новая Москва ба таҳқиқи ин қазия пардохтааст. Дар робита ба ин ҳодиса бар асоси моддаи 216 Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми корҳои сохтмонӣ, ки аз беэҳтиётӣ сабаби марги одамон шудааст, парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд ва назорати ҷараёни тафтишотро додситонии Маскав ба дасти худ гирифтааст.

Дар иттилоияи расмии додситонӣ дар бораи шахсияти осебдидагону ҳалокшудагон чизе гуфта нашудаасти, вале расонаҳои Русия хабар доданд, ки дар ин сохтмон асосан муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ кор мекунанд ва коргаре, ки дар ҷои ҳодиса ҳалок шуд, шаҳрванди 35-солаи Тоҷикистон буд.

Ҳар сол беш аз як миллион нафар, ё тақрибан нисфи аҳолии қобили кори Тоҷикистон барои пайдо кардани рӯзии хонаводаҳои худ ба хориҷ ва асосан ба Русия ба муҳоҷирати корӣ мераванд. Ҳар сол дар Русия ба далелҳои мухталиф то 1000 нафар аз муҳоҷирони тоҷик мемиранд. Фалокатҳо дар ҷои кору ҷои зист ва бемориҳову садамаҳои нақлиётӣ аз иллатҳои умдаи марги муҳоҷирони тоҷик дар Русия ном бурда мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button