ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ҲАЛОКАТИ ЯК ЗАНИ МУСОФИР БАР АСАРИ БАРХӮРДИ ДУ МОШИН ДАР ШАҲРИТӮС

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз як садамаи марговар дар ҳудуди ноҳияи Шаҳритӯси вилояти Хатлон, дар ҷанубуғарби ҷумҳурӣ хабар дод.

Бино ба иттилои ВКД, шаби 9-уми феврали соли 2023, тахминан соати 20:30, ронандаи мошини тамғаи “Опел-Астра”, Мустаков Урал Холматович, соли таваллудаш 1993, сокини ноҳияи Шаҳритӯс, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ҳудуди деҳаи Пахтаободи ҷамоати деҳоти Пахтаобод, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба мошини боркаши тамғаи “LC 933 L”, ки таҳти идораи ронанда, Юлдошов Мирқосим Юлдошович, соли таваллудаш 1996, сокини ҳамин ноҳия қарор дошт, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, худи ронандаи мошини тамғаи “Опел-Астра”, Мустаков У.Х. ва мусофири дохили мошин, Норманова Зебонисо Алмардовна, соли таваллудаш 1973, сокини ноҳияи мазкур, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ ба саломатиашон бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд. Норманова З.А. дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон қаблан аз ҳалокати ду тифли ноболиғ дар зери чархи мошинҳо хабар дода буд. Бино ба иттилои ВКД, субҳи 8-уми феврали соли 2023, тахминан соати 08:30, ронандаи мошини тамғаи боркаши «Ҳюндай Портер», Сафаралиев Муҳаммад Холиқович, соли таваллудаш 1984, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар манзили истиқоматиаш писари хурдсолаш, Сафаралиев Абдураҳмон Муҳаммадович, соли таваллудаш 2019-ро бо қисмати пеши мошинаш задааст, ки дар натиҷа хурдсол ба саломатиаш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан ба ҳалокат расидааст.
Ҳамин тавр, шоми 31-уми январи соли 2023, тахминан соатҳои 18:10, ронандаи мошини тамғаи “ВМW”, Шарипов Маҳмадҷон Латифович, соли таваллудаш 1990, сокини ноҳияи Фархор, ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати деҳоти Хутан ба самти маркази ҷамоати шаҳраки Фархор дар роҳи мошингард, воқеъ дар деҳаи Файзобод, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба тарафи чапи канори роҳ баромада, дучархарони ноболиғ Раҳмонов Фирдавс Шарипович, соли таваллудаш 2012, сокинини ноҳияи мазкурро, ки дар канори роҳ ҳаракат мекард, бо қисми пеши мошинаш задааст.Дар натиҷа, ноболиғ Раҳмонов Ф.Ш. ба саломатиаш ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози шумори садамаҳо пурхатар дониста мешаванд. Бино ба омори расмии БДА, ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button