ВидеоИқтисодМинтақа ва ҷаҳон

МАНЪИ РЕКЛАМАИ “ЗАНИ ДУЮМ” ДАР ӮЗБЕКИСТОН

Чанде пеш дар бархе минтақаҳои Ӯзбекистон, аз ҷумла дар Тошканд, Фарғона, Андиҷон, Қӯқанд ва Қаршӣ тоблуҳои таблиғотии ширкати “Mobile Retail”, молики бренди “Elmakon” насб карда шуданд, ки баъзе молҳои махсус барои мошинҳоро бо чунин матнҳо таблиғ мекард: “Ikkinch xotin»ga g’amxo’rlik qiling” (“Дар ҳаққи зани дуюматон ғамхорӣ кунед” ва “Mahrga texnika so’rang”(Ба ҷои маҳр техника пурсед”). Маҳр пулест, ки тарафи арӯс аз домод пеш аз ақди никоҳ талаб мекунад.

Ҳарчанд масъулони ширкат мегуфтанд, ки манзурашон дар ин маъракаи таблиғотӣ аз ибораи “зани дуюм” мошин аст, ки бисёре аз мардон мошини худро “зани дуюм” меноманд, вале тоблуҳои таблиғотии “Elmakon” сарусадо ва ҳангомаи зиёде ба по кард ва бархе онро ҳамчун таблиғи дузанагӣ маънидод карданд.

Дар натиҷа, Кумитаи рушди рақобат ва ҳимояти ҳуқуқи харидорони Ӯзбекистон  рӯзи 6 феврали соли 2023  бо нашри аксҳои лаҳзаи барчидани тоблуҳои таблиғотии “Elmakon”  хабар дод, ки ба сабаби сарусадои зиёде, ки ин тоблуҳо дар ҷомиа ба по кард, тасмим гирифта шуд, то тамоми тоблуҳои таблиғотии марбут ба “ғамхорӣ дар ҳаққи зани дуюм” аз кӯчаю хиёбонҳо бардошта шаванд. Кумита дар иттилоияаш гуфт, “матни ин таблиғотро ғайриахлоқӣ, номуносиб ва мухолиф ба қонуни тарғиюботи Ӯзбекистон ва ҳамчунин мухолифи меъёрҳои маънавии дар ҷомиа шаклгирифта мешуморад”.

 Кумита гуфт, ба ин далел ба ширкати “Elmakon” амр додаанд, ки тоблуҳои таблиғотии худ бо ин муҳтавои машкукро барчинад ва то рӯзи 6 феврал ин тоблуҳо пурра барчида шуданд.

Ин ниҳод изҳор дошт, ки минтаъд низ ба назорати муҳтавои тоблуҳои таблиғотӣ идома дода, монеи насби чунин тоблуҳои бемаънӣ хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол, дар ширкати “Mobile Retail” гуфтаанд, ки мақсади онҳо аз ин маъракаи таблиғотӣ нодуруст тафсир шуд ва онро беҳуда ҳамчун таблиғи дузанагӣ маънидод карданд.

Менеҷери рақамии ин ширкат Азиз Абдумаҷидов, ки суханонашро  нашрияи маҳаллии PR.uz  иқтибос овардааст, мегӯяд, дар ин тоблуҳои таблиғотӣ аз санъатҳои суханбозӣ истифода шуда буд ва “зани дуюм” ҳамчун истиора меомад.

 “Дар Ӯзбекистон бисёриҳо мошинро зани дуюм меноманд ва табъан мошин, яъне зани дуюми одам ҳам ба ғамхорӣ эҳтиёҷ дорад. Мо таблиғи молҳои гуногун барои мошинро ба шакли истиора дода будем ва ин ба мардум хуш омада буд. Ҳама рекламаи моро бознашр мекарданд. Инро танҳо касе таблиғи дузанагӣ мешуморад, ки чизеро дар реклама намефаҳмад. Агар мо фақат моли худро бо нархаш таблиғ мекардем, шояд кам касе ба он аҳамият медод. Бисёриҳо аҳамият надода, гузашта мерафтанд”, –  гуфтааст Азиз Абдумаҷидов.

Дар Ӯзбекистон ҳам мисли Тоҷикистон дузанагӣ ва бисёрзанӣ қонунан манъ карда шудааст. Модда 16 Кодекси оилаи Ӯзбекистон ақди никоҳ бо нафареро, ки бо каси дигаре алакай никоҳ дорад, иҷозат намедиҳад. Кодекси ҷиноятии Ӯзбекистон ҳамчун ҷазо барои бисёрзанӣ ҷарима ба андозаи аз 50 то 100 маоши ҳадди ақал, ваё корҳои ислоҳӣ ё ҳукми зиндон ба муҳлати то се солро пешбинӣ мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button