Хабарҳои кӯтоҳ

ДУЗДИИ 17 ЧАРХИ МОШИН ДАР ШАҲРИТУС ВА ҶАВОҲИРОТИ ТИЛЛОӢ ДАР ДАНҒАРА

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 06.02.2023

Ошкор гардидани дуздии чархҳои автомашина ва ҷавоҳирот

08

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 17-солаи сокини ноҳияи Шаҳритус бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, моҳи январи соли 2023, бо тариқи пинҳонӣ аз нуқтаи таъмир ва фурӯши чархҳои воситаи нақлиётӣ, ки ба марди 36-солаи сокини ноҳияи мазкур тааллуқ дорад, 17-адад чархҳои автомашинаро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 4 ҳазору 80-сомониро ташкил медиҳад.
Инчунин, ба ШВКД дар ноҳияи Данғара аризаи зани 38-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 31-уми декабри соли 2022, тахминан соати 23:00, шахсони номаълум бо тариқи пинҳонӣ ба манзили истиқоматиаш даромада, аз ҷузвдонаш ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 57 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 31 ва ҷавони 20-солаи сокинони ҳамин ноҳия, ки пеш ҳардуи онҳо бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудаанд, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Боздошт гардидани марди 47-сола барои қаллобӣ

04

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 43-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки соли 2012, дар ҳудуди ноҳияи Сино, марди 47-солаи сокини пойтахт, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 5 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки бар ивазаш ба ӯ 30-сотих замин гирифта медиҳад, аммо ваъдаашро то ҳол иҷро накардааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button