ВидеоИқтисод

15 СОЛ ДАР САМО: АЗ ОҒОЗИ ПАРВОЗҲОИ ШИРКАТИ “СОМОН ЭЙР” 15 СОЛ ГУЗАШТ

Рӯзи 5 феврали соли 2023 аз оғози фаъолияти ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» 15 сол пур шуд.  Таърихи ин ягона ширкати ҳавопаймоии фаъоли Тоҷикистон аз 5-уми феврали соли 2008, аз рӯзе оғоз мегирад, ки ҳавопаймои Боинг 737-800 таҳти бренди “Сомон Эйр” бори нахуст бо хатсайри Душанбе – Маскав – Душанбе парвози мустақим анҷом дода буд. Имрӯз ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ба беш аз 25 самт, аз ҷумла ба шаҳрҳои Мюнхен, Дубай, Истанбул, Деҳлӣ, Теҳрон, Маскав, Тошканд, АлмаАто, Урумчӣ ва дигар шаҳрҳои ҷаҳон парвозҳои мунтазам анҷом медиҳад.

Дар давоми солҳои сипаришуда “Сомон Эйр” тавонист узви IATA (Ассосиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ) гардида, тасдиқномаи Агентии Аврупо оид ба бехатарии авиатсионӣ (EASA) ва иҷозатномаи парвозҳо ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупоро ба даст биорад.

Парки ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ҳоло аз 6 ҳавопаймои Боинг – 737-800 ва 737-900 иборат аст.
Абдулқосим Валиев, директори генералии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ҳайати кормандони ширкати ҳавопаймоиро бо солгарди фаъолият табрик гуфта, иброз дошт: «Мо бо дастовардҳо ва касбияти кормандони худ ифтихор дорем ва саъй хоҳем кард, ки мавқеъи худро ба ҳайси ширкати ҳавопаймоии минтақавӣ ва байналмилалӣ дар бозори интиқолоти ҳавоӣ боз ҳам мустаҳкам намоем. Мо сипосгузорем аз мусофирон ва шарикон барои эътимод ва албатта барои ҷорӣ кардани намудҳои нави хизматрасонӣ ба мусофирон ва воридсозии технологияҳои нав пайваста кӯшиш ба харҷ хоҳем дод”.

Тавсеаи шабакаи парвозҳои ширкат, харидории ҳавопаймоҳои нави бароҳат, инчунин рушди парвозҳои дохилӣ ва минтақавӣ аз тасмимҳои наздиктарини ширкати ҳавопаймоӣ мебошанд.

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” бо мукофоти корпоратсияи “Боинг” ва ҷоизаи “Бренди сол” қадрдонӣ шудааст. Вале бархе, аз ҷумла мусофирон, ин ширкатро барои нархи баланди чиптаҳояш ва сифати пасти хидматрасонӣ интиқод мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button