ВидеоТоҷикистонҶомеа

КОРМАНДИ ИДОРАИ ЗАМИНИ ДЕВАШТИЧ БАРОИ КУШТОРИ ДУ ЗАН БА ҲАБСИ УМРБОД МАҲКУМ ШУД (ВИДЕО)

Саҳобиддин Мунавварзода, корманди кумитаи замини ноҳияи Деваштич, бо ҷурми қатли ду зани фарроши ин идора  Умеда Зокироваи 45-сола ва Вориса Фозиловаи 56-сола ба ҳабси абад маҳкум гардид. Дар ин бора Қосим Зокиров, падари яке аз занҳои кушташуда ва як манбаи дигар аз додгоҳи вилояти Суғд ба “Азия Плюс” иттилоъ додаанд. Тибқи иттилои онҳо, ҳукм рӯзи 30-юми январи соли 2023 аз ҷониби додгоҳи вилояти Суғд содир гардидааст.

Умеда Зокирова ва Вориса Фозилова рӯзи якшанбеи 17 июли соли 2022, дар ҷои корашон кушта шуданд. Саҳобиддин Мунавварзода, мутахассиси пешбари идораи замини ноҳия ҳамчун гумонбари асосӣ аз ҳамон вақт дар боздошт қарор дошт.

Қосим Зокиров, падари Умеда Зокирова, ба “Азия-Плюс” гуфт, ки мурофиа дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Истаравшан доир шуда, Саҳобиддин Мунавварзода  бар асоси қисми дуюми моддаи 104 Кодекси ҷиноятии ҶТ  гунаҳкор дониста шуд ва ба ҳабси абад маҳкум гардид. Қосим Зокиров гуфт, ки аз ҳукми содиршуда розӣ аст.

Назари пайвандон ва вакили дифои Саҳобиддин Мунавварзода оид ба ҳукм то ҳол дастрас нест ва маълум нест, ки оё аз ин ҳукм шикоят мекунанд ё онро мепазиранд?

Қатли ду фаррош дар кумитаи замини ноҳияи Деваштич яке аз кушторҳои аз ҳама пурсарусадои соли 2022 нафақат дар Деваштичу вилояти Суғд, балки барои тамоми Тоҷикистон буд.

Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд қаблан дар барномаи телевизионии “Милитсия хабар медиҳад” сабтҳои видеоии мудҳишеро аз макони қатли ду зани фаррош дар Кумитаи замини ноҳияи Деваштич нашр карда, гуфта буд, бар асоси натиҷаҳои тафтишоти муқаддамотӣ, корманди ин кумита Сабозиддин Мунавварзода он ду зани фаррошро барои тасодуфан шоҳиди сиёҳкориҳои ӯ шуданашон бераҳмона ба қатл расондааст.

Акбар Шарифӣ, сухангӯи милитсияи вилояти Суғд дар ин барнома гуфт, қатли ин ду зан фазои носолими корӣ ва рақобатҳои гуруҳӣ дар кумитаи замини ноҳияи Деваштичро рӯи об баровард.

Акбар Шарифӣ куштори ин ду зан дар таърихи 17 июли соли 2022-ро пурсарусадотарин ҳодисаи рӯзҳои охир нафақат барои Деваштич, балки барои вилояту ҷумҳурӣ номид ва гуфт, сару садои атрофи он мардумро ба таҳлукаи зиёд овард.

Ду сокини ҷамоати Ғазантарак Фозилова Мӯниса Раҳимовна, соли таваллудаш 1966, ва ҳамсари бародари ӯ Зокирова Умеда Қосимовна, соли тааллудаш 1977, вақте кушта шуданд, ки рӯзи якшанбе барои тоза кардани бинои кумитаи замин омаданд.Аввалин шуда аз кушта шудани онҳо посбони кумитаи замин Раҷаббой Олимов хабар ёфта, ба милитсия занг задааст.

Олимов дар ин барнома гуфт, вақте аз зинапояҳо баланд мешуд, ҷасади пур аз хунро дид, ки дар роҳрави қабати дуюми бино зери қолин пинҳон карда буданд. Ӯ гуфт, ҷасади дуюмро ҳанӯз нодида , бо шитоб ба милитсия занг зад. Ӯ гуфт, ба ҷуз аз дидани ҷасад ҳамчун бӯи сӯхторро ба машомаш мерасид.

Акбар Шарифӣ гуфт, дар натиҷаи тафтиш муайян карда шуд, ки фазои носолими корӣ дар кумитаи замин заминаро барои чунин оқибати фоҷиабор гузоштааст ва ду зани кушташуда қурбонии тасодуфӣ будаанд.  Тавре маълум шудааст, мутахассиси пешбари кумитаи замин Мунавварзода Сабоҳиддин Ҷамолиддин, соли тааллудаш 1991, сокини ҷамоати Далёни боло, нисбат ба раис, муовин ва дигар кормандони ин кумита ба далели гӯё мамониати онҳо ба кори Мунавварзода қасд ва хусуматӣ шахсӣ доштааст. Он рӯзи наҳси 17 июл,  Мунавварзода бехабар аз онки дар ин рӯзи истироҳати якшанбе фаррошон ҳам метавонанд ба  кор биоянд, ба ҷои кор омада,  бо мақсади тарс додан ва ба таҳлука андохтани онҳо даст ба ташкили далелҳои сунъии бадномкунанда зада,  ҳамон рӯз бо истифода аз сӯзишвории дизелӣ утоқҳои кории раис ва муовини раиси кумитаро оташ задааст.

Ин кори ӯро тасодуфан Умеда Зокирова мебинад ва Мунавварзода аз тарси ин ки  сирраш фош мешавад, ба қаровулхона раф та, корди хоҷагиро мегирад ва омада, Зокироваро бо чанд зарбаи корд зада, мекушад. Дар ин ҳангом Мӯниса Фозилова пайдо мешавад ва Мунавварзода боз ҳам аз тарси ин ки сирраш фош шуд, ин занро ҳам бо 13 зарбаи корд мекушад.

Аз Мӯниса Фозилова як писар ва аз Умеда Зокирова 3 духтари ноболиғ ятим монд.

Кумитаҳои замин дар Тоҷикистони аҳолиаш рӯзафзун  яке аз фасодзадатарин ниҳодҳо ба шумор мераванд.  Ҳар моҳ чандин корманди ин ниҳод бо иттиҳоми гирифтани пора аз мардум дар ивази ҷудо карда додани қитъаи замин ваё дуруст кардани ҳуҷҷатҳои замин дастгир мешаванд.

Бино ба омори ВКД, дар нимаи аввали соли 2022 дар Тоҷикистон  22 ҳолати одамкушӣ ва сӯиқасд ба куштор ва 64 ҳолати қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ сабт шудааст. Дар нимаи аввали соли 2021 дар Тоҷикистон 20 куштор рух дода буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button