
Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки шаби 28-уми январи соли 2023, тахминан соатҳои 22:35-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Исматов Мизробҷон Саъдуллоевич, соли таваллудаш 1993, сокини шаҳри Ҳисор, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Ваҳдат ба самти шаҳри Кӯлоб дар километри 29-уми роҳи Душанбе-Кӯлоб аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи боркаши тамғаи «Дулан», таҳти идораи Зоиров Абдураҳмон Шамсудинович, соли таваллудаш 1982, сокини ноҳияи Восеъ, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» Исматов М.С. ва мусофираш Пиров Ҷамшед Шарифбекович, соли таваллудаш 1996, сокини шаҳри Ҳисор, ҷароҳатҳои вазнини гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.
Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон қаблан хабар дода буд, ки рӯзи 27 январи соли 2023 дар ду садама дар роҳи тарафи маҳаллаи Чармгарони поёни шаҳри Кӯлоб ва дар дохили нақби “Истиқлол” дар шоҳрои Душанбе – Хуҷанд ду нафар: як пиёдагарди 52-сола ва як ноболиғи 15-сола – ба ҳалокат расидаанд.
Дар Кӯлоб ронандаи мошини “Мерседес” бино бар ях бастани роҳи мошингард, аз уҳдаи идораи мошин набаромада, пиёдагардро пахш кардааст. Дар дохили нақби “Истиқлол” бар асари ба мошини боркаши “Шакман” бархӯрдани мошини “Опел” мусофири ноболиғи “Опел”, с.т. 2008, сокини шаҳри Истаравшан ҷароҳат бардошта, дар бемористон ҷон додааст.
Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози шумори садамаҳо пурхатар дониста мешаванд. Бино ба омори расмии БДА, ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.