ВидеоТаърих

ДАРГУЗАШТИ ПОЛКОВНИК ИБРОҲИМ ИСМОИЛОВ, АСОСГУЗОРИ ГВАРДИЯИ МИЛЛИИ КӮЛОБ

Полковник Иброҳим Исмоилов, асосгузори “Гвардияи миллӣ” дар вилояти собиқи Кӯлоб, рӯзи 29 январи соли 2023 дар синни 86 аз олам чашм пӯшид.  Иброҳим Исмоилов аз фармондеҳони бераҳм ва дар айни замон ба сари худ одили даврони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ба шумор мерафт ва дар авоили солҳои 90 бо ҷурми даст заданаш ба ғоратгарӣ ҳатто писари худро парронда буд. Аммо ӯ дар тақсими мансабҳо баъди пирӯзии Фронти халқӣ, сохтори ҳарбие, ки дар заминаи Гвардияи миллии Кӯлоб таъсис ёфт, бемансаб монд ва солҳои зиёде аз ин шиква мекард, ки онҳое, ки бо кумаки ӯ ба қудрат расиданд, “ба қадраш нарасиданд”.

Эраҷ Иброҳимов, набераи Иброҳим Исмоилов рӯзи 29-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, бобояш аз бемории қанд ранҷ мекашид. Ба гуфтаи ӯ, субҳи 29 январ фишораш якбора боло шуд ва дигар ба худ наомада, даргузашт.

“Гвардияи миллӣ” нахустин сохтори низомие буд, ки тарафдорони майдони Озодӣ баъди шикасташон дар аввали моҳи майи соли 1992 ва бозгашташон ба вилояти Кӯлоб ташкил доданд. Ин сохтори низомӣ дар заминаи нирӯҳои боқимондаи Гвардияи миллие, ки дар майдони Озодӣ бо тақсими 1700 автомати Калашников ба митингчиён ташкил шуда буд, бо қарори Қурбон Мирзоалиев, раиси вақти кумитаи иҷроияи вилояти Кӯлоб ба вуҷуд омад. Дар пайи алангаи бештар гирифтани оташи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон Фронти халқӣ ба раҳбарии Сангак Сафаров маҳз дар заминаи ҳамин Гвардияи миллии Кӯлоб ба майдон омада буд.

Иброҳим Исмоилов дар замони Шӯравӣ дар боздоштгоҳи Душанбе ба ҳайси зиндонбон кор мекард ва баъди пирӯзии Фронти халқӣ то расидана ба синни нафақа дар сохторҳои милитсия кор карда, то ба рутбаи полковники милитсияро ба даст овард. Вале ӯ дар ҳама мусоҳибаҳояш аз саҳми муҳими худ дар, ба истилоҳ, “барқарор кардани ҳукумати конститутсионӣ” ва рӯи кор овардани ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ситоиш мекард ва аз он шиква дошт, ки ба “қадраш нарасиданд.”

Полковник Исмоилов таъсиси ҳам “Гвардияи миллии Кӯлоб” ва  ҳам “Фронти халқӣ”-ро идеяи худ медонист ва ба ин назар буд, ки Сангак Сафаров, раҳбари Фронти халқӣ ин созмонро баъдан ба нафъи худ истифода бурд ва ӯро канор зад.

Полковник Исмоилов дар як суҳбаташ бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки Гвардияи миллиро ба хотири дифоъ аз мардуми оддӣ созмон дода буданд ва ба он бештар афсарони касбии милитсия ҷалб шуда буданд. Баъдан, ба андешаи ӯ, ба ин созмон дигарон ҳамроҳ шуданд ва онро “Фронти халқӣ” ном гузоштанд.

“Фронти халқӣ” як тарафи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон буд, ки дар ҷангҳои соли 1992 бо кумаки артиш ва нирӯҳои вижаи Русия тавонист нирӯҳои мухолифинро мағлуб кунад ва ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонро ба қудрат бирасонад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button