ВидеоФарҳангЧеҳраҳо

ЯК УМР ЧАШМ БА РОҲИ ФАРЗАНД: МОДАРИ ИСКАНДАРИ ХАТЛОНӢ АЗ ОЛАМ ЧАШМ ПӮШИД

Ниҳолбӣ Носирова, модари шоир ва хабарнигори шаҳиди тоҷик Искандари Хатлонӣ, шаби 26 ба 27 январи соли 2023 дар шаҳри Душанбе аз олам чашм пӯшид. Ба гуфтаи наздиконаш, маросими намози ҷанозаи марҳум рӯзи ҷумъа, 27 январ баъди намози ҷумъа дар шаҳри Кӯлоб дар масҷиди ҷомеи “Ҳилоли Аҳмар” (маъруф ба “масҷиди Ҳоҷӣ Мирзо”) баргузор мешавад. Наздикони Ҳилолбӣ Носирова хабар доданд, ки мехоҳанд ӯро дар паҳлуи фарзанди шаҳидаш Искандари Хатлонӣ ба хок бисупоранд.

Искандари Хатлонӣ 21 сентябри соли 2000, дар синни 46 дар натиҷаи як сӯиқасди мусаллаҳона дар шаҳри Маскав кушта шуд. Ӯ он вақт ба ҳайси хабарнигори бахши тоҷикии Радиои Озодӣ дар Маскав кор мекард. Ҷанозаи ин шиор ва хабарнигори шаҳидро ҳамон вақт ба Тоҷикистон оварда, дар зодгоҳаш, шаҳри Кӯлоб ба хок супурданд, вале бо гузашти инак 22 сол, то ҳол қотилони Искандари Хатлониро пайдо накардаанд.

Искандари Хатлонӣ аз шоирони забардаст ва навҷӯю навгӯи тоҷик буд, ки аз ҷумла аввалин шуда ба тоҷикӣ шеъри сафед гуфтааст.

Аз Искандари Хатлонӣ чанд маҷмуаи шеърӣ, назири «Парвоз» (1981), «Шукуфа» (1986), «Садои пои вожаҳо» (1988) ва «Кушоиш» рӯи чоп омадааст. Пас аз маргаш бародараш Алишер Идизода маҷмӯаи наверо, ки ҳама ашъори ӯро аз овони мактабхонӣ то лаҳзаи маргаш дар бар мегирад, таҳия карда буд.

Яке аз шеърҳои машҳури ӯ, ки имрӯзҳо дар Тоҷикистон мисли гимн садо медиҳад, ин аст:

Дар xуни ман ғурури ниёгон нуҳуфта аст
Хашму ситези Рустами Дастон нуҳуфта аст

Дар тангнои синаи ҳасраткашидаам
Гаҳвораи басирати мардон нуҳуфта аст

Хоки маро ҷазираи xушке гумон мабар
Дарёи бекарону xурӯшон нуҳуфта аст

Холи дили маро ту зи тобу тавон мадон
Шери жиён миёни найистон нуҳуфта аст

Пиндоштӣ ки решаи пайванди ман гусаст
Дар синаам ҳазор Хуросон нуҳуфта аст.

Аммо як қаҳрамони умдаи ашъори Искандари Хатлонӣ модараш буд ва ӯ дар васфи модар чанд шеъри баланде гуфтааст, ки аз ҷумла беҳтарин ашъор дар васфи модар дар адабиёти тоҷик шумурда мешаванд:

Маҳтоб дар лаби бом,
Як коса шири гарм аст.
Овози модари ман,
Чу бӯи шир нарм аст.

ххххххххххххх

Хуршеди Ховар ояд,

Як села кафтар ояд,

Дар тоқияш сияҳгӯш,

Нури ду чашми модар

Искандар аз дар ояд!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button