ВидеоРӯйдодҳои БадахшонҲуқуқи инсон

ҲИМОЯТИ ДОДСИТОНИИ КУЛ АЗ ҲУКМИ ЗИНДОНИ 6 ЛИДЕРИ БАДАХШОН: ОНҲО МУСИЧАИ БЕГУНОҲ НЕСТАНД

Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 26 январи соли 2023 бо нашри як вокуниш бори аввал парвандаҳои 6 тан аз лидерҳои вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон: Улфатхоним Мамадшоева,  бародари ӯ Хурсанд Мамадшоев, Музаффар Муборакшоён, Фаромӯз Иргашов, Манучеҳр Холиқназаров ва Хушрӯз Ҷумъаев (мутахаллис ба Хушом Гулям)-ро шарҳ дод ва гуфт, “мухолифини сиёсии дар Аврупо қарордошта дар нашрияҳояшон онҳоро “мусичаи бегуноҳ” мепиндоранд”.

Маркази матбуоти Додситонии кул дар вокунишаш ин 6 нафарро “аъзо ва роҳбарони гуруҳҳои ҷиноятии ВМКБ” номида, аз ҷумла тасдиқ кард, ки  парвандаҳои:  

  1. Мамадшоева Улфатхоним барои ҷалб ва ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ, одамкушӣ ва сӯйиқасд ба он, терроризм, маблағгузорӣ барои гайриқонунӣ соҳиб шудан ва ба дигарон додани лавозимоти ҷангӣ ва яроқи оташфишон, хиёнат ба давлат, бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият ё даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо истифодаи зӯроварӣ дигаргун кардани сохти конститутсионӣ, ноором намудани вазъи сиёсиву иҷтимоӣ, даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ,
  2. Муборакшоён Музаффар Толиб барои ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ, сӯйиқасд ба одамкушӣ, терроризм ва ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ,
  3. Иргашов Фаромӯз Иргашович барои ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ, сӯйиқасд ба одамкушӣ, терроризм ва ташкили фаъолияти ифротгароӣ,
  4. Ҷумаев Хушрӯз Ғуломалиевич барои ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ,
  5. Мамадшоев Хурсанд Махсумович ва
  6. Холиқназаров Манучеҳр Соҳибназарович барои ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ ва ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ  дар мурофиаҳои пушти дарҳои баста, вале бо иштироки адвокатҳо  баррасӣ шудаанд.

Додситонӣ гуфт, ҳамаи ин 6 нафар бо айбҳои эълонгардида гунаҳгор дониста шуданд ва аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳои содиркардаашон Иргашов Ф.И. ва Муборакшоён М.Т. ҳар кадом ба 29 соли зиндон, Мамадшоева У.М. ба 20 соли зиндон, Холиқназаров М.С. ва Мамадшоев Х.М. ҳар кадом ба 16 сол ва Ҷумъаев Х.Ғ. ба 8 соли зиндон маҳкум шуданд.

Додситонии кул гуфт, ин вокуниш дар пайи таҳлили мақолаҳои, ба ақидааш “иғвоангез”-ест, ки  аз тарафи мухолифони сиёсии дар кишварҳои Аврупо қарордошта дар расонаҳои хабарӣ бо “мақсади халалдор намудани сохти конститусионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва суботу амнияти миллӣ” нашр шуда, “Улфатхоним Мамадшоева, Фаромӯз Иргашов ва дигаронро дар нашрияҳояшон онҳоро “мусичаи бегуноҳ” мепиндоранд”.

Додситонӣ исрор меварзад, ки  парвандаҳо нисбат ба Маҳмадшоева Улфатхоним, Муборакшоён М.Т, Холиқназаров М.С. ва дигарон барои содир намудани ҷиноятҳои ба муқобили шахсият ва амнияти ҷамъиятӣ, бо мақсади халалдор сохтани амнияти мардум ва фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои низомӣ, даъвати оммавии ташкили бетартибиҳо ва ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ, барангехтани кинаву адовати миллӣ, мазҳабӣ, динӣ, низои иҷтимоӣ ва маҳалгароӣ, ҷиноятҳо ба муқобили асосҳои сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат, чанд лаҳзаҳои даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мусоидат ба  содир кардани чунин кирдорҳо кушода шудаанд.

Ин дар ҳолест, ки созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ ин 6 фаъоли помирӣ ва боз даҳҳо тани дигар аз бадахшониҳои дастгиршударо қурбони таъқиботи ин ақалияти қавмию динӣ аз ҷониби мақомоти қудратии Тоҷикистон мешуморанд ва озодии онҳоро аз Душанбе талаб доранд.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, нашри вокуниши Додситонии кулли Тоҷикистон дар ҳолест, ки созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ парвандаҳои чанде аз фаъолони помириро барои ирсол ба Шӯрои ҳуқуқи инсон ва дигар ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид омода кардаанд.

Ёдовар мешавем, моҳи майи соли 2022 мақомоти Тоҷикистон  мавҷи нави эътирозҳо дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшонро бо истифода аз нирӯҳои вижа ва силоҳҳои ҷангӣ саркӯб карданд. Дар ҷараёни саркӯби эътирозҳо беш аз 30 нафар кушта ва ҳудуди 200 тани дигар дастгир шуданд. То имрӯз тақрибан 100 нафари ин дастгиршудагон ба солҳои тӯлонии зиндон, аз ҷумла дастикам 5 нафар аз зодагони Бадахшон, бо шумули генерал Холбаш Холбашев ва Толиб Аёмбеков бо як писараш ба ҳабси умрбод маҳкум шудаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button