ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зистҲодиса

ЗАҲРОЛУД ШУДАНИ 48 НАФАР ПАС АЗ ХӮРДАНИ ҚУРУТОБ ДАР ДЕҲАИ ҚАДАМИ ҚУРБОН

Радиои Озодӣ

48 нафар дар як деҳаи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин пас аз хӯрдани қурутоб заҳролуд шудаанд.

Ҳодиса рӯзи 24-уми январи соли 2023 ҳангоми меҳмонӣ дар деҳаи Чагам рӯй додааст. Мақомот гуфтанд, қазияро таҳқиқ доранд.

25 нафареро, ки “аҳволашон бад аст”, ба бемористони касалиҳои сироятии Кӯлоб бурдаанд. Дигарон дар шифохонаи маҳаллӣ муолиҷа мегиранд.

Ҳукумати ноҳияи Шамсиддини Шоҳин дар хабарномае гуфтааст, ки аҳволи аксари заҳролудшудагон хуб шудааст ва “аз беморхона ҷавоб дода шудаанд.”

Ба гуфтаи масъулони ҳукумати ин ноҳия, “вазъи саломатии шаҳрвандон дар ҳолати хуб қарор дошта, зери назорати ҷиддии табибон қарор доранд.”

Пизишкон ҳанӯз дақиқ накардаанд, ки сабаби заҳролуд шудани сокинон чист?

Шароф Рустамов, сардори Раёсати тандурустӣ дар минтақаи Кӯлоб, рӯзи 24-уми январ гуфт, дар ин бора дертар маълумот хоҳанд дод.

Ҳодиса дар хонаи як сокини деҳаи Чагами ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва ҳангоме рӯй дод, ки ҳамдеҳагонашро ба хӯрдани қурутоб даъват карда буд.

Заҳролуд шудани сокинон аз хӯрок борҳо иттифоқ уфтода, фоҷеаҳо низ дар пай доштааст.

Дар охири соли гузашта як хонавода дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд пас аз истеъмоли меваю сабзавоти консервашуда заҳролуд шуданд. Дар ин ҳодиса Умриннисо Каримоваи 58-сола ва духтараш, Муҳаррам Каримоваи 30-сола ҷон бохтанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button