Хабарҳои кӯтоҳҲодиса

ҲАЛОКАТИ СЕ УЗВИ ЯК ОИЛА БАР АСАРИ ЗАҲРОЛУДШАВӢ АЗ ДУДИ АНГИШТ ДАР ХУРОСОН

Шумораи қурбониёни дуди ангишт дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон дар ҷануби Тоҷикистон ба 3 нафар расид.  Рӯзи 20 январи соли 2023 ҳамсари Шамсулло Маҳмадов, сокини деҳаи Гулрези ҷамоати Ҳилолӣ дар бемористони марказии ноҳияи Хуросон ҷон дод. Мутаассифона, табибон натавонистанд, ки ӯро аз чанги марг наҷот диҳанд.  Худи Шамсулло Маҳмадов ва як писари панҷсолааш ҳамон шаби 18 ба 19 январ бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангишшт ҷон бохта шуданд. Як фарзанди дигари ин хонавода дар бемористон дар ҳолати вазнин боқӣ мемонад.

Ин фоҷиа дар ҳоле рух дод, ки Тоҷикистон ва минтақа қариб ду ҳафта боз дар панҷаи сардиҳои барои дастикам 15 соли охир бесобиқае қарор доранд. Ҳавои сард сокинони деҳотро, ки аксараш ба шабакаҳои муосири гармидиҳӣ дастрасӣ надоранд, маҷбур мекунад, ки хонаҳои худро бо ангишту ҳезуму тапак гарм кунанд. Ба ҳамин далел,  дар фасли сармо мавридҳои заҳролуд шудан ва ҳалокати сокинон аз дуди ангишт дар Тоҷикистон зиёд мушоҳида мешавад.

Бино ба иттилои хабаргузории “Азия Плюс”, ахиран дар ноҳияи Деваштичи вилояти Хатлон зану шавҳари солхӯрда аз дуди ангишт заҳролуд шуданд. Ҳоҷӣ Саидбаён Саидмуродов, ки 80 сол дошт,  ҷон бохтаааст. Ҳамсари 77-солаи ӯ Нурӣ Саидмуродоваро дар ҳолати вазнин дар бемористон бистарӣ кардаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button