ВидеоСиёсатҶанг дар Украина

ВАЗИРИ ХОРИҶАИ ЭРОН ГУФТ, КИ ЭРОН ҶУДО ШУДАНИ ҚРИМ ВА ДОНЕТСКУ ЛУҲАНСКРО БА РАСМИЯТ НАМЕШИНОСАД

Ҷумҳурии исломии Эрон минтақаҳои ғасбшудаи Ураина аз ҷониби Русияро ба расмият намешиносад. Чунин изҳорот шоми 19 январи соли 2023 аз забони вазири корҳои хориҷии Эрон, Ҳусайн Амир Абдуллоҳиён дар мусоҳибааш бо шабакаи телевизионии TRT World садо дод.

 “Мо истиқлол ва якпорчагии кишварҳоро дар чаҳорчӯби ҳуқуқи байналмилалӣ ба расмият шинохтаем. Ба ҳамин далел, алорағми равобити мумтози Теҳрон ва Маскав мо ҷудо шудани Қрим аз Украинаро ба расмият нашинохтаем. Мо инчунин ҷудо шудани Луҳанск ва Донетскро аз Украина ба расмият нашинохтаем. Ба далели инки бар усули собити худамон дар сиёсати хориҷӣ таъкид дорем”, гуфт Абдуллоҳиён.

Ӯ инчунин афзуд, ки “Ҷумҳурии исломии Эрон мазеъаш аз ибтидои ин ҷанг комилан равшан аст. Мо ин мазеъгирии худро дар сатҳи олии роҳбарияти кишарҳоямон баррасӣ кардаем. Мо мухолифи ҷанг ҳастем ва бар роҳи ҳалли сиёсӣ тамаркуз дорем ва талошҳои зиёде байни Маскав ва Украина чӣ дар сатҳи вузарои корҳои хориҷӣ ва чӣ дар сатҳи раисҷумҳури кишвар ҳам дотштем ва умедваорем, ки ҳарчи зудтар Украина ба марҳилаи сулҳ бирасад ва ҷанг дар ин кишвар поён биёбад. Мо сиёсати дугуна надорем”.

Аммо бо онки Эрон ба сиёсати дугуна надоштани худ дар қиболи буҳрони Украина исрор меварзад, ҳанӯз моҳи октябри соли 2022 хабаргузории муътабари Ассошиэйтед Пресс бо такя ба манобеи худ навишта буд, ки “низомиёни эронӣ дар нимҷазираи ғасбшудаи Қрим ҳузур доранд ва ба низомиҳои рус тарзи истифодаи тайёраҳои бесарнишини сохти Эронро меомӯзанд ва ҳамзамон ба хоки Украина шиллик мекунанд”.

Намояндаи Пентагон Ҷон Кирбӣ низ аз ҳузури низомиёни эронӣ дар Қрим хабар дода гуфта буд, ки “Эрон як миқдори номуайяне аз дронҳои навъи Shahed-131 ва Shahed-136-и худро ба Русия додааст ва ҳамзамон инструкторҳои низомии худро низ фиристодааст”.

Русия сар аз моҳи августи соли 2022 шаҳрҳои Украинаро зери борони ҳамлаҳои дронҳои эронӣ қарор додааст, ки боиси тахриби зерсохторҳои обу газу барқ гардида, ҳамзамон сабаби ҷон бохтани миқдори зиёди аҳолии осоишта низ мегардад.

Лозим ба ёдоварӣ аст, ки дар аввали ҷанг, ҷониби Эрон қатъиян рад мекард ва исрор меварзид, ки ба Русия ҳеҷ гуна дроне надодаанд ва русҳо низ ҳамеша таъкид мекарданд, ки бо дронҳои сохтаи худ ба шаҳрҳои Украина ҳамла мекунанд. Вале вазири корҳои хориҷии Эрон дар санаи 5уми ноябри соли 2022 қоил омад, ки “ба русҳо дрон фурӯхтаанд, вале пеш аз ҳуҷуми Русия ба хоки Укрина”.

То ин дам як намояндаи вазорати мудофиаи Русия бехабар аз он ки дар пахши мустақим қарор дорад, ба муҷрии телевизиони РБК гуфта буд, ки “воқеан ин паҳбодҳо сохти Эрон аст, вале ҳукумати мо инро пинҳон медорад”.

Бояд гуфт, ки пас аз таҳрими нафти русӣ аз ҷониби Амрико ва Аврупо бисёре аз коршиносон бар он андеша буданд, ки Амрико таҳрими нафти Эронро мебардорад ва Эрон дар бозори нафти ҷаҳонӣ ҷойгузини Русия мешавад ва сатҳи зиндагии мардум низ дар Эрон боло меравад. Аҳолии Эрон низ, ки аз ҷанг бо Ироқ хеле хотироти бад доранд, аксарият истилои Русия ба хоки Украинро напазируфтанд ва ба таври ошкоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷонибдории худро аз Украина нишон дода, Русияро маҳкум мекунанд. Вале бар хилофи интизории мардум, ҳукумати Эрон аз Путин пуштибонӣ кард ва яроқҳои худро дар ихтиёри Русия гузошт, ки боиси норозигии эрониҳо чӣ дар дохили Эрон ва чӣ дар хориҷ аз Эрон гардид.

Русия соли 2014 нимҷазираи Қрими Украинаро ғасб намуда, онро қаламрави худ эълон намуд. Баъдан дар ҳамон сол ду вилояти дигари Украина, вилояти Луҳанск ва вилояти Донетскро низ аз Украина ҷудо намуда, давлатҳои худхондае бо номи “Ҷумҳурии мардумии Луҳанск” ва “Ҷумҳурии мардумии Донетск” таъсис дод.  Русия моҳи феврали соли 2022 ба Украина ҳамлаи мусаллаҳона карда, қисмати дигаре аз қаламрави онро ишғол намуд ва моҳи октябри соли 2022 қисматҳои ишғолкардаи ду вилояти дигари Украина, Херсон ва Запорожйеро низ сарзамини худ эълон кард.


Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button