ВидеоКоррупсияНомаҳо ба президент

АГЕНТӢ ПАРВАНДА ДОШТАНИ БАҲРОМОВРО ТАСДИҚ КАРД, ВАЛЕ ГУФТ, КОРМАНДОНАШ ДАР ХУДКУШИИ ИН МАНСАБДОР ГУНОҲ НАДОРАНД

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 20 январи соли 2023 бо нашри як изҳорот пеш аз худкушиаш таҳти бозпурсӣ аз сӯи кормандони ин идора қарор доштани сардори  шуъбаи назорати кӯмакпулиҳои иҷтимоии раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар шаҳри Панҷакент Баҳромов Асадҷон Мардоновичро тасдиқ кард, вале гуфт, ки кормандони Агентӣ дар худкушии Асадҷон Баҳромов гунаҳкор нестанд.

“Ҳарчанд дар сомонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ сабаби марги Баҳромов А.М. ба тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятии нисбаташ оғозшуда маънидод шуда истода бошад ҳам, вале бо чунин тарз инъикос намудани ҳолати мазкур тобиши иғвоангезона дошта, ба ҳақиқат номувофиқ мебошад ва марги номбурда ба фаъолияти мақомоти Агентӣ иртиботе надорад”, – таъкид шудааст дар изҳороти Агентӣ.

Аввалин шуда хабари худкушии Асадҷон Баҳромовро пойгоҳи хабарии “Бомдод” нашр кард. Манобеи “Бомдод” гуфта буданд, ки Баҳромов рӯзи 11 январ дар пайи даъватҳои пайдарпай ба Агентии мубориза бо коррупсия худро ба дор овехтааст ва кормандони додситонӣ аз ҷайбаш номаи пеш аз марги ӯро ҳам пайдо карда, ду корманди Агентиро, ки номашон дар он нома зикр шуда буд, таҳти пурсуҷӯ қарор додаанд.

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шарҳи ин қазия дар изҳороташ тасдиқ кард,  ки санаи 14 ноябри соли 2022 аз ҷониби шуъбаи минтақавии Агентӣ дар водии Зарафшон нисбат ба сардори шуъбаи назорати кӯмакпулиҳои иҷтимоии раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар шаҳри Панҷакент Баҳромов Асадҷон Мардонович бар асоси моддаи 314, қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне сӯиистифода аз ваколатҳои мансабӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

 “Бо мақсади таъмини тафтиши ҳамаҷониба, холисона ва пурраи ҳолатҳои кор дар доираи парвандаи ҷиноятии мазкур Баҳромов А.М. ба сифати гумонбаршуда мавриди пурсиш қарор гирифтааст.  Амалҳои тафтишотӣ нисбати Баҳромов А.М. бо таъмини риояи ҳуқуқҳои конститутсионии ӯ ва талаботи моддаи 46 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқҳои мурофиавии гумонбаршуда, аз ҷумла ҳуқуқ ба ҳимоя ва изҳори рад намуданро пешбинӣ мекунад, роҳандозӣ гардидааст. Дар рафти тафтиши пешакӣ гумонбаршуда Баҳромов А.М. оид ба фаъолияти мақомоти таъқиби ҷиноятӣ ягон маротиба изҳори нигаронӣ накардааст”, – таъкид шудаст дардар изҳорот. Аммо, меафзояд Агентӣ, санаи  11 январи соли 2023 Баҳромов А.М. дар манзили истиқоматии худ, воқеъ дар шаҳри Панҷакент, кӯчаи М.Шерализода 26, “бо сабаби асфексияи механикӣ дар натиҷаи пахшшавии узвҳои гардан вафот намудааст”. Дар забони оддӣ ин ибора чунин маъно дорад, ки Баҳромов худро ба дор овехтааст.

Агентӣ бо айби кормандонаш худкушӣ кардани Баҳромовро рад мекунад, вале мегӯяд, “новобаста аз ин, сабабҳои марги Баҳромов А.М. аз ҷониби мақомоти прокуратура мавриди санҷиш қарор дорад”.

Асадҷон Баҳромов

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button