ВидеоҲодисаҶанг дар Украина

ҲАЛОКАТИ ҲАМАИ РОҲБАРОНИ ВКД УКРАИНА БАР АСАРИ СУҚУТИ ЧАРХБОЛ ДАР ВИЛОЯТИ КИЕВ

Вазорати корҳои дохилии Украина рӯзи 18 январе соли 2023 хабар дод, ки бар асари суқути як чархбол дар шаҳри Броварии вилояти Киев дастикам 18 нафар кушта ва 29 тани дигар  захмӣ шудаанд. Бровари дар канораҳои шимолушарқии Киев, пойтахти Украина ҷойгир шудааст.

Бино ба гуфтаи ҳокими шаҳри Броварӣ Игор Сапожко “чархболи навъи AS 332 Super Puma, ки ба хадамоти ҳолатҳои фавқулодда таалуқ дошт, субҳи рӯзи 18-уми январи соли 2023, тақрибан соати 8:10 дар минтақаи аҳолинишин, дар байни хонаҳои истиқоматӣ ва боғчаи бачагона сарозер шуда, боиси сар задани сӯхтор дар гирду атроф гардид”.

Гуфта мешавад 9 тан аз фавтидагон сарнишинони чархбол буда, 9 тани дигар мураббиён ва кӯдакони боғчаи бачагона буданд. Аз ҷумла аз ҳалокати дастикам 3 кӯдак хабар медиҳанд. 

Игор Клименко, сардори пулиси миллии Украина хабар дод, ки “дар чархболи мазкур сардори Вазорати корҳои дохилии Украина Денис Монастирский, муовини аввали вазири корҳои дохилӣ Евгений Енин ва котиби давлатии вазорати корҳои дохилӣ, Юрий Лубкович ҳузур доштанд”.

Хабари суқути чархболро муовини раиси дастгоҳи президенти Украина Кирилл Тимошенко тасдиқ карда, ба расонаҳо гуфтааст, ки “роҳбарияти олии вазорати корҳои дохилӣ бо як сафари корӣ ба яке аз минтақаҳои доғ парвоз анҷом медоданд”.

Сабаби суқути чархбол ҳанӯз муайян карда нашудааст. Вазорати корҳои дохилии Украина ва нерӯҳои ҳавоии Украина низ аз шарҳи суқути чархбол худдорӣ намуда гуфтаанд, ки ҳодисаро пурра меомӯзанд ва баъдан  қазияро шарҳ хоҳанд дод.

Дао ҳамин ҳол, баъзе расонаҳо, сабаби суқути чархболро ба бад будани вазъи ҳаво рабт медиҳанд ва менависанд, ки “имрӯз дар вилояти Киев тумани ғафс ҳама ҷойро фаро гирифта буд. Эҳтимоли халабон баногоҳ биноҳои баландошёнаро дида, фавран ба самти боло парвоз кардааст, ки ин сабаби аз даст додани идораи чархбол гардидааст”.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button