ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳон

ДАРГУЗАШТИ ЗАНИ ДУЮМИ ПРЕЗИДЕНТИ СОБИҚИ ҚИРҒИЗИСТОН ҚУРМОНБЕК БОҚИЕВ

Радиои “Азаттык” рӯзи 17 январи соли 2023 бо такя ба чанд манбаъ ва ҳамдеҳагони Нозгул Толомушова, ҳамсари дуюми президенти собиқи Қирғизистон Қурбонбек Боқиев хабар дод, ки Толомушова дар синни 47 дар шаҳри Минск, пойтахти Беларус бар асари беморӣ вафот кардааст. Тафсилоти дигари марги ӯ маълум нест, вале ба гуфтаи  хешовандонаш, ҷанозаи Нозгул Толомушоваро алакай барои дафн ба Қирғизистон овардаанд ва дар деҳаи Казармани ноҳи Тоғуз-Тӯра дар вилояти Ҷалолобод барои маросими дафн омодагӣ мебинанд. Ба ин муносибат ҳамчун рамзи мотам дар ҳавлии хонаводаи Толомушовҳо дар Казарман юрт гузоштаанд.

Маълум нест, ки оё худи Қурмонбек Боқиев дар маросими дафни ҳамсари дуюмаш иштирок мекунад ё на? Боқиев, ки 74 сол дорад, инак 13 сол боз дар Беларус паноҳ мебарад ва дар Қирғизистон ӯро ғоибона ба 30 соли зиндон маҳкум кардаанд ва ҳамчунон барои ҷиноятҳои дар даврони президентиаш дар солҳои 2005-2010 содиркарда таҳти ҷустуҷӯ қарор дорад.

Боқиев дар чорабиниҳои расмӣ асосан бо ҳамсари якумаш Татяна Боқиева, ки аслаш аз шаҳри Самараи Русия аст, иштирок мекард.

Соли 2011, як сол баъди фирорашон аз Қирғизистон, Нозгул Толомушова дар мусоҳиба бо рӯзномаи “Айат” нақл кард, ки аз соли 1995 бо Қурмонбек Боқиев зиндагӣ дорад ва онҳо соҳиби ду фарзанд ҳастанд.

Соли 2016 хабар омада буд, ки Нозгул Толомушова раҳбари меҳмонхонаи “Отель Минск” таъйин шудааст. Ин меҳмонхона расман ба идораи коргузории президенти Беларус тааллуқ дорад.

Қурмонбек Боқиев соли 2005 дар натиҷаи “инқилоби лолаҳо” ва сарнагун шудани президенти қаблӣ Аскар Оқоев ба қудрат расид, вале аз сабабҳои сарнагунии Оқоев дарсе наомӯхт ва моҳи апрели соли 2010 мардум дар Қирғизистон дигарбора ошӯб бардоштанд ва ин дафъа ҳукумати Боқиевро бо айни ҷурмҳои олудагӣ ба фасоду ришва ва хешу ошнобозӣ сарнагун карданд. Дар ҷараёни эътирозҳои зидди режими Боқиев 90 кас кушта шуд ва Боқиев ҳамроҳи хонаводаи сершумораш аз кишвар фирор карда, ба Беларус паноҳ бурд.

Боқиев ва писари калониаш Марат дар ғайбашон дар Қирғизистон ҳар кадом ба 30 соли зиндон маҳкум шуда, писари хурдии ӯ Максим Боқиев ва бародараш Жаниш (Ҷонибек) Боқиев, ки дар вақташ раҳбари Хадамоти муҳофизати давлатии Қирғизистон буд, ҳарду ба ҳабси умрбод маҳкум гардидаанд.

Дар ҳавлии хонаводаи Толомушовҳо дар ноҳияи Тоғуз-Тӯра ҳамчун рамзи мотам юрт гузоштаанд

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button