ВидеоХабарҳои кӯтоҳҶомеа

ВАЗОРАТ: БА ОВОЗАҲО БОВАР НАКУНЕД! ТАЪТИЛ ТО 20 ЯНВАР АСТ, НА ТО 25 ЯНВАР, Ё 1 ФЕВРАЛ!

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 15 январи соли 2023 бо нашри як иттилоияи вижа аз ҳамаи шаҳрвандон хост, ки ба ҳар гуна хабарҳои беасос ва фейкӣ, ки гӯё таътили хонандагон то 25-уми январ ё то 1-уми феврал тамдид шудааст, бовар накунанд.

Гуфта мешавад, чунин хабарҳо давоми рӯзи 15 январ тавассути мессенҷерҳою шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуда, миёни аҳолӣ нофаҳмиҳои зиёдро ба миён овардааст.

Аз ин рӯ, вазорати маориф ва илм таъкид кардааст, ки шаҳрвандон ба ин гуна хабарҳои фейкӣ бовар накунанд ва танҳо ба хабарҳое эътимод намоянд, ки дар сомонаи расмии ин вазорат нашр шудааст.

Вазорати маориф ва илм бори дигар ба таваҷҷуҳи тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабӣ, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, омӯзгорон ва падару модарон мерасонад, ки бо дарназардошти сард омадани ҳаво ва идома ёфтани он, инчунин, бо мақсади ҳифзи саломатии тарбиятгирандагону хонандагон дар асоси фармоиши вазири маориф ва илми ҶТ дар муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ таътили зимистонаи хонандагон то 20 январи соли 2023 тамдид карда шуд.

Машғулиятҳо дар муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ аз 20-уми январ оғоз мегардад, таъкид шудааст дар иттилоияи вазорат. Албатта, агар то 20 январ ҳаво хуб шавад. Ҳавошиносон мегӯянд, тохтутози сардиҳо дар Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ метавонад то 25 январ давом кунад.

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 14 январи соли 2023 хабар дод, ки “бо дарназардошти сард омадани ҳаво ва идома ёфтани он, инчунин, бо мақсади ҳифзи саломатии тарбиятгирандагону хонандагон” таътили зимистонаи хонандагони мактабҳои миёна ва тарбиятгарандони муассисаҳои томактабӣ (боғчаҳои кӯдакон ва кӯдакистонҳо) то 20 январи соли 2023 тамдид карда шуд. Ин алакай бори дуюм аст, ки ин вазорат имсол муҳлати таътили зимистонаро тамдид мекунад. Тибқи нақша, таътили зимистона мебоист аз 1 то 10 январ давом мекард, вале вазорат рӯзи 10 январ бо айни далели сардиҳои хеле сахт таътилотро дафъаи якум то 16 январ тамдид карда буд.

Тасмими то 20 январ идома додани таътилоти зимистона дар ҳолест, ки Тоҷикистон инак тақрибан як ҳафта боз дар панҷаи сардиҳои дар 15 соли охир бесобиқа қарор дошта, ҳарорат дар Душанбе шабона то -22 дараҷа ва рӯзона камаш то -11 дараҷа сард мешавад.

Ҳавошиносон мегӯянд, тохтутози сардиҳо дар Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ метавонад то 25 январ давом кунад.

Дар иттиллоияи вазорат аз 14 январ дар мавриди тамдиди таътилоти зимистона чунин гуфта мешавад, ки: “Машғулиятҳо дар муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ аз 20-уми январ оғоз мегардад. Соатҳои дарсии дар давоми таътил иҷронашуда тибқи ҷадвали алоҳидаи тасдиқгардидаи дарси иловагӣ дар нимсолаи дуюми соли таҳсили 2022-2023 аз ҳисоби таътили баҳорӣ ва тобистона ҷуброн карда мешавад”.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button