ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

СОКИНИ ҚАЗОҚОН 100 ҲАЗОР СОМОНӢ ПУЛИ СОКИНИ КӮЧАИ НАВОИРО ГИРИФТА, 3 МОҲ БОЗ ГУРЕХТА ГАШТААСТ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон рӯзи 12 январи соли 2023 аз ошкор шудани як ҳолати қаллобӣ ба маблағи 100 ҳазор сомонӣ хабар дод ва гуфт, ин ҳодиса дар заминаи табодули пули сомонӣ ба доллар рух додааст.

Бино ба иттилои ВКД, ба шуъбаи дуюми корҳои дохилии ноҳияи Сино бо ариза марди 33-солаи сокини кӯчаи А.Навоии пойтахт муроҷиат намуда, хабар додааст, ки 10-уми октябри соли 2022, марди 51-солаи сокини кӯчаи Қазоқони ноҳияи мазкур бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 100 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки дар муддати 10 шабонарӯз дар ивази пули гирифтааш ба ӯ 10 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта медиҳад.

Аммо сокини Қазоқон то ҳол ваъдаашро иҷро накарда, аз соҳиби пул гурехта гаштааст.

ВКД гуфт, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад. Ба сокини Қазоқон барои қаллобӣ бар асоси моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ҳамчун ҷазо ҷаримаи ҳангуфт ва ҳатто то чанд сол ҳукми зиндон таҳдид мекунад.

Вақтҳои охир дар Тоҷикистон мавридҳои қаллобӣ афзоиш ёфтааст. Бино ба омори ВКД, танҳо дар нимаи аввали соли 2022 дар ҷумҳурӣ 1144 ҳолати қаллобӣ  ва нимаи аввали соли қаблӣ 1481 мавриди қаллобӣ сабт шудааст. Вале шумораи воқеии ҳолатҳои қаллобӣ метавонад дар асл хеле бештар ҳам бошад, чунки бисёре аз қурбониёни қаллобон ба мақомот муроҷиат намекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button