ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зистҶомеа

МУТААССИФОНА, ҲАМАИ 6 ТИФЛИ ШАШГОНИКИ ДАР ХУҶАНД ТАВАЛЛУДШУДА ФАВТИДАНД…

Мутаассифона,  ҳамаи 6 тифли шашгоник, ки Муборак Соҳибова, сокини 26-солаи ҷамоати Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рӯзи 11 январи соли 2023 дар таваллудхонаи вилоятӣ дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омаданд, фавтидаанд. Як рӯз қабл табибон вазъи тифлаконро муътадил мегуфтанд, вале мутаассифона, натавонистанд ҷони онҳоро аз марг наҷот диҳанд.

Нурӣ Дадобоева, сардухтури таваллудхонаи вилоятӣ дар шаҳри Хуҷанд, рӯзи 12-уми январ дар суҳбат бо  “Азия Плюс” марги ҳамаи навзодонро тасдиқ кард ва гуфт, ки сабаби аслии марги онҳо “таваллуди пеш аз муҳлат ва вазни кам” аст. Ба гуфтаи табибон, вазъи саломатии модари ин тифлакони ғӯррамарг Муборак Соҳибова хуб аст ва ӯ феълан дар таваллудхона қарор дошта, як муддат зери назорати табибон боқӣ хоҳад монд. Муборак Соҳибова ду фарзанди дигар ҳам доштааст.

Ин шашгоник – ду писару 4 духтар рӯзи чоршанбе, 11-уми январ, дар таваллудхонаи вилоятии Хуҷанд ба дунё омаданд. Ба гуфтаи табибон, тифлони шашгоник  қариб шашмоҳа таваллуд шуда, вазнашон аз 550 то 700 грамм будааст.

Дар Тоҷикистон ин нахустин ҳолати таваллуди шашгоник буд. Қаблан дар кишвар таваллуди сегоник, чоргоник ва панҷгоник ба қайд гирифта шуда буд.

Дар Тоҷикистон қонун дар бораи ҳавасманд кардани заноне, ки беш аз се фарзанд таваллуд кардаанд, вуҷуд надорад. Аммо мақомот ва шаҳрвандони алоҳида ба ин гуна модарон ёрии моддӣ мерасонанд.

Аз ҷумла вдар арафаи Соли нави 2021 сокини 30-солаи ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон Дилноза Мамадова  дар таваллудхонаи ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе якбора панҷ фарзанд – ду писару се духтар – ба дунё овард. Қаблан, дар соли 2020 дар таваллудхонаи рақами 3 дар шаҳри Душанбе чоргоник – ду писару ду духтар ба дунё омада буданд. Ҳамчунин соли 2015 дар ҳамин таваллудхонаи пойтахт чоргоникҳо ба дунё омад ва давлат ба он оила хона дода буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button