ВидеоДин ва боварҳо

БОЗДОШТИ ТАБИБИ ТОҶИКЕ, КИ ИДДАО ДОШТ, КИ ЧАНД БОР ХУДОРО ДИДА, БО ПАРВАРДИГОРИ ОЛАМ СУҲБАТҲО ДОШТААСТ (ВИДЕО)

ВКД Тоҷикистон шоми 11 январи соли 2023 дар нашри навбатии барномаи телевизионии “Ахбори ВКД” хабар дод, ки кормандони раёсати кофтукоби ҷиноии ин вазорат Бахтиёр Шоҳев ном блогерро дастгир карда, ба зидди ӯ бар асоси  моддаи 462, иловаи 1, Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии Тоҷикистон бо иттиҳоми барангехтани кинаю адоват ё низои иҷтимоӣ,  нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ ё динӣ (мазҳабӣ)  парвандаи маъмурӣ кушодаанд. Ба Шоҳев бар асоси ин банди қонун ҳамчун ҷазо ҷарима ба маблағи аз 50 то 100 нишондиҳанда (як нишондиҳанда баробари 68 сомонӣ, ё беш аз 6 доллар) ваё аз 5 то 15 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ таҳдид мекунад.

ВКД гуфт, Бахтиёр Шоҳев ба хотири ҷалби тамошобини бештар дар каналҳояш дар Интернет ва ба даст овардани даромадҳои бештар даст ба авомфиребӣ задааст.

Бахтиёр Шоҳев, корманди маркази табобатии “Шоҳёр”, ки бо табобати бемориҳои сутунмуҳра ном бароварда буд, ахиран дар як видео иддао кард, ки қаблан аз Хӯҷаи Хизр амру дастур мегирифт ва ахиран чанд дафъа ба мулоқоти худи Худованд шарафёб шудааст.

Дар тасвири Шоҳев,  “Худованд як писари қадбаланди ҷавон аст. Мӯйи сараш зардчаи сурхчатоб аст, сафедпӯст аст ва аз рӯяш нур меборад”.  Шоҳев ҳамчунин иддао карда буд, ки гӯё Худованд ӯро ба дӯстӣ қабул кардааст ва мегуфтааст: “Биё дӯстам, дар барам нишин, ҳар гоҳе, ки хостӣ, биё. Ту дӯсти ман ҳастӣ. Агар ту дӯсти ман намешудӣ, ба ту роҳ нишон намедодам. Ман туро халқ кардам, то ба халқам кумак намоӣ”.

Ин видео чанд рӯз пеш дар канали Бахтиёр Шоҳев дар Ютуб пайдо шуд. Ӯ баъди соате наворро пок кард, вале онро алакай дар саҳифаҳои дигар бознашр карданд ва чандин нафар аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон хостанд, то муаллифи ин ҳарфҳоро пайдо кунанд ва барои мардумфиребӣ ба ҷазо бикашанд.

Дар гузорише, ки дар барномаи “Ахбори ВКД” нашр шуд, Бахтиёр Шоҳев мегӯяд, ки ӯ донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат ва як давраи кӯтоҳи курси табибони халқиро хатм кардааст ва саводи динӣ надорад. Худи ӯ дар гузориш эътироф мекунад, ки ба хотири ҷалби муштарии бештару ба даст овардани даромад даст ба чунин кори, ба эътирофи худаш” “куфр” задааст ва барои ин аз тамоми мусалмонон узр мепурсад. Маълум нест, ки ин суханҳои ӯ дар чӣ шароите сабт шудаанд. Вале ВКД гуфт, Бахтиёр Шоҳев дар ҳоле даъвои мулоқоту суҳбат бо Худовандро мекард, ки ҳатто намоз намехонад.

Бисёриҳо дар зери хабари боздошти Шоҳев навиштаанд, ки ӯ бемори равонӣ ба назар мерасад ва шояд ҷин ёраш шуда бошад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button