ВидеоИқтисод

9 ТАРМА ДАР ЯК ШАБОНАРӮЗ! РОҲИ РӮШОН-БАРТАНГ БАСТА, ВАЛЕ РОҲИ ДУШАНБЕ – ХУҶАНД БОЗ АСТ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон рӯзи 12 январи соли 2023 хабар дод, ки тайи шабонарӯзи гузашта дар қаламрави ноҳияҳои Рӯшон, Роштқалъа ва Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ҳамчунин ноҳияҳои Варзоб ва Айнӣ 9 ҳодисаи лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд. Кумита гуфт, хушбахтона, ин ҳодисаҳо талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар надоштанд.  

Барои бартараф кардани паёмадҳои лағзиши тарма техникаи ширкати роҳи IRS ва вазорати нақлиёт ҷалб карда шуда, корҳои бартарафсозии оқибатҳои он идома доранд. 

Бино ба иттилои КҲФ, субҳи рӯзи 12-уми январ роҳи мошингарди Рӯшон – Бартанг баста буд ва роҳи Душанбе – Хуҷанд танҳо барои ҳаракати мошинҳои сабукрав боз аст. Ҳаракати мошинҳои боркаш тавассути ин ягона шоҳроҳи байни вилояти Суғд ва маркази Тоҷикистон ба далели рехтани тармаҳои зиёд субҳи 12 январ ҳанӯз маҳдуд карда шуда буд.

Наздикиҳои нисфирӯзии 12 январ ширкати IRS, масъули нигоҳубини роҳи Душанбе – Хуҷанд хабар дод, ки паёмадҳои тарма пурра бартараф шуда, ҳаракати тамоми намуди нақлиёт тавассути роҳи Душанбе – Хуҷанд таъмин гардид.

КҲФ мегӯяд, воҳидҳои наҷоти ин ниҳод ба навбатдории шабонарӯзии худ ҷиҳати таъмини амнияти ронандагону мусофирон ва расонидани ёриҳои аввалия  идома медиҳанд.

Кумита бори дигар аз сокинон ва меҳмонони кишвар хост, аз сафарҳои бидуни зарурат дар чунин рӯзҳои вазнин худдорӣ намоянд.

Инак чанд рӯз боз дар Тоҷикистон барфу сардии камсобиқае “тохтутоз” дорад. Бино ба пешбинии ҳавошиносон, сардиҳо дастикам то 15 январ давом хоҳанд кард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button