ВидеоФарҳангЧеҳраҳо

ОВОЗХОНИ МАЪРУФИ ҲИСОРӢ КОМИЛҶОН ҒАНИЕВ АЗ ОЛАМ ЧАШМ ПӮШИД (ВИДЕО)

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Комилҷон Ғаниев субҳи 10 январи соли 2023 дар синни 73 аз олам чашм пӯшид. Дар ин бора дар Фейсбук Парвиз Пулодӣ, овозхон ва ҳунарпешаи шинохтаи зодаи Ҳисор хабар дод. Парвиз Пӯлодӣ дар бораи иллати марги Комилҷон Ғаниев чизе нанавишт, вале хабар дод, ки маросими видоъ ва намози ҷанозаи марҳум рӯзи 10 январ, соати 15:00 дар зодгоҳаш, деҳаи Тахти ҷамоати Хонақоҳи кӯҳии Ҳисор баргузор мешавад.

Комилҷон Ғаниев, ки бо хондани таронаҳои мардумӣ ва классикӣ ном бароварда буд, ҳамагӣ 11 рӯз қабл аз зодрӯзи 73-юмаш даргузашт. Мухлисонаш аз ӯ ҳамчун як инсони хоксору самимӣ ва маҳфилоро ёд мекунанд ва мегӯянд, Комилҷон Ғаниев дар солҳои охир дар хондани таронаҳои мазҳабӣ, аз ҷумла наът низ хеле забардаст шуда буд.

Комилҷон Ғаниев 21 январи 1950 дар деҳаи Тахти ноҳияи Ҳисор ба дунё омада, соли 1967 Омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии маданӣ-равшаннамоии ноҳияи Ленинро хатм кардааст.

Пас аз хатми омӯзишгоҳ барои кор ба шуъбаи фарҳанги шаҳри Ҳисор омад ва тамоми умр дар қасри фарҳанг ва филармонияи Ҳисор кард. Ӯ чандин сол раҳбари клуби сайёр буд ва баъдан дар вазифаҳои роҳбари бадеӣ, солисти театри халқӣ, роҳбари мусиқӣ, директори Филармонияи халқии Ҳисор заҳмат кашидааст. Чанд соли охир ҳофизи Филармонияи халқии Ҳисор ба номи Тоҷиддин Муҳиддинов буд.

Комилҷон Ғаниев соли 1990 сазовори унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ва соли 2003 сазоври унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон шуд.

Комилҷон Ғаниев дар интихоби таронаҳояш бештар аз эҷодиёти халқ ва осори шуарои классикӣ истифода мебурд. “Зиндагонӣ имтиҳонам мекунад, “Модар”, «Майда-майда меравӣ», «Як хол дорад ёрам», «Гулнораҷон», «Як ёри ширин дорам», «Бархез гулам зи ҷоят», «Ҳисорам», «Хоболуда», «Панди адибон», «Банда шавам», «Силсилаи кӯҳи Ҳисор», «Салом ба кишварам», «Ман муборакбод мегӯям туро», «Шаби бахт», «Аз Қаратоғ омадия», «Ёр омаду…», «Ана ман донашӯрак» аз зумраи он таронаҳоест, ки ба қалбҳо роҳ ёфта ва аз Комилҷон Ғаниев ба  ёдгор мондаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button