ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

МУҶОЗОТИ ДУ РОНАНДАИ ХАТСАЙРИ №2 БАРОИ БАҲС ДАР БАЙНИ РОҲ (АКС)

Муасссисаи давлатии коммуналии “Душанбенақлиётхадамотрасон”, ки умури нақлиёти ҷамъиятии пойтахти Тоҷикистонро дар даст дорад, хабар дод, ки ду ронандаи маршруткаи №2, ки таваққуфи нодурусти мошинҳояшон дар байни роҳ  боиси тамбашавӣ гардид, ҷазо дода шуданд.

Ахиран дар канали Парвиз ТВ навори видеоие нашр шуд, ки дар он дида мешуд, ки ду ронандаи хатсайри микроавтобусии №2 дар пойтахт қоидаҳои ҳамлу нақли мусофиркашониро поймол карда, воситаҳои нақлиёти худро дар ҷои номуайян манъ мекунанд ва бо ҳамдигар вориди баҳс мешаванд. Ба гуфтаи муаллифони видео, ин ҳолат ба дигар иштирокдорони ҳаракат дар роҳ халал эҷод намуда, тамбашавии роҳу нақлиётро дар ин масир ба бор овардааст.

“Душанбенақлиётхадамотрасон” дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дод, ки “доир ба ҳолати мазкур аз ҷониби сарпарасти соҳаи нақлиёти мусофирбари пойтахт ба масъулини соҳа супориш дода шуд, ки вобаста ба ҳолати ҷойдошта чораҳои зарури андешида, камбудии ҷойдошта фавран бартараф карда шавад”.

Ҳангоми баррасии камбудии ҷойдошта муайян карда шудааст, ки ҳолати мазкур аз ҷониби ронандаи хатсайри микроавтобуси  №2 , рақами давлатии мошинаш 4320тт09 Одинаев Шодмон ва бо айби бевоситаи ронандаи воситаи нақлиёти рақами давлатиаш 6718тт05 Содиқов Умед ба миён омадаст. Гуфта мешавад, Содиқов Умед пеши роҳи воситаи нақлиёти рангаш зардро банд намуда, барои ҳаракати воситаи нақлиёт монеа эҷод намудааст.

Аз ин лиҳоз дар асоси бандҳои дахлдори шартномаи тарафайн аз ҷониби роҳбарияти ҶДММ “Муҳаммадҷон Д”,  ки хатсайри №2 мутааллиқ ба ҳамин ширкат будааст, ба Одинаев Шодмон огоҳӣ дода шудааст. Вале нисбат ба ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи Мерседес-Бенс (Спринтер) Содиқов Умед, ки ин мошинро ба иҷора гирифта буд ва такроран ба чунин камбудиҳо роҳ дода, ҳодисаи ахир низ, бино ба хулосаи масъулон,  бевосита бо айби ӯ рух додааст, чораи зарурӣ дар намуди яктарафа қатъ намудани шартномаи ҳамкорӣ ва боздоштани Содиқов Умед аз фаъолияти мусофирбарӣ дар хатсайри №2 андешида шуд.

“Масъулини соҳаи нақлиёти мусофирбари пойтахт мусофиронро бовар мекунонанд, ки баҳри хубтару беҳтар ба роҳ мондани сатҳу сифати хизматрасонии нақлиёт дар хатсайрҳои мусофирбар ҳамагуна тадбирҳои саривақтиро меандешад”, итминони хотир додааст ба сокинону меҳмонони пойтахт ширкати “Душанбенақлиётхадамотрасон”.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button