ВидеоМинтақа ва ҷаҳонСиёсат

ПУТИН БА 4 НАФАР АЗ ТОҶИКИСТОН ОРДЕН ДОД

Президенти Русия Владимир Путин дар арафаи Соли нави мелодӣ бо имзои як фармон 4 ходими давлатию ҷамъиятӣ аз Тоҷикистонро бо орденҳои давлатӣ сарфароз гардонид.  Фармони Путин рӯзи 30 декабри соли 2022 дар сомонаи расмии ҳукумати Русия нашр шуд.

Дар фармон аз ҷумла чунин навишта шудааст:

“Барои саҳми бузург дар рушди дӯстӣ ва ҳамкории байни Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Расулзода Қоҳир бо

ОРДЕНИ ШАРАф (ПОЧЁТ)

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зокирзода Маҳмадтоир Зоир

Мудири кулли Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Газпромнефт-Тоҷикистон” Мирзоев Фарҳод Султонбекович

Президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимӣ Фарҳод бо

ОРДЕНИ ДӮСТӢ  сарфароз гардонда шаванд”.

Қоҳир Расулзода (то  соли 2007  – Абдуқоҳир Назиров) 8 марти соли 1961 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров (он вақт ноҳияи Хуҷанд) дар шимоли Тоҷикистон ба дунё омада, соли 1982 Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандиси гидротехник ва соли 2008 Академияи хидмати давлатии президенти Русияро дар Маскав хатм кардааст. Расулзода аз соли 2000 то 2006 вазири обу обёрӣ ва аз 2006 то 2013 раиси вилояти Суғд буд. Ӯ моҳи ноябри соли 2013 ба мақоми сарвазири Тоҷикистон таъйин шуд. Расулзода номзад ба илмҳои техникӣ мебошад.

Маҳмадтоир Зокирзода 5 июли соли 1956 дар ноҳияи Рашт дар шарқи Тоҷикистон ба дунё омада, соли 1985 Донишкадаи кишоварзии шаҳри Тселиноградро дар Қазоқистон хатм кардааст. Зокирзода дар гузашта ба ҳайси мудири Агентии кайҳоншиносӣ, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва раҳбарии Агентӣ ва сипас кумитаи замину геодезия кор карда,  аз соли 2016 то 2020 муовини сарвазири Тоҷикистон буд. Зокирзода баҳори соли 2020 раиси Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон интихоб шуд.

Фарҳод Раҳимӣ

Фарҳод Раҳимӣ, доктори илмҳои физикаю математика, профессор, академик ва президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 19 сентябри соли 1968  дар Панҷакент ба дунё омада, соли 1992 риштаи физикаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Фарҳод Раҳимӣ муаллифи 4 монография, 9 китоби дарсӣ ва беш аз 100 мақолаи илмӣ буда, сазовори ҷоизаи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон ва дар соли 201 сазовори ордени Шараф, дараҷаи 2 шудааст. Фарҳод Раҳимӣ солҳои 2005-2013 дар мақомҳои муовин ва муовини аввали вазири маорифи Тоҷикистон кор карда, соли 2013 президенти Академияи илмҳо таъйин шуд. Ӯ соли 2014 узви вобастаи Академияи илмҳо дар бахши “назарияи физика” интихоб гардид. Фарҳод Раҳимӣ 5 фарзанд дорад.

Дар бораи Фарҳод Мирзоев, ки солҳои тӯлонӣ роҳбарии ширкати  “Газпромнефт-Тоҷикистон”-ро дар даст дорад, маълумоти зиёде дар дастрас нест. Танҳо маълум аст, ки ӯ ҳамзамон раҳбарии Федератсияи футболи шаҳри Душанберо ҳам ба уҳда дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button