ВидеоИлму фанноварӣТиб ва беҳдошт/Муҳити зист

НАХУСТИН ҶАРРОҲИИ “ДУГОНИКҲОИ СИАМӢ” ДАР ТОҶИКИСТОН: ТИФЛИ ФАВТИДАРО АЗ БАДАНИ ХОҲАРИ ЗИНДААШ ҶУДО КАРДАНД (5 АКС)

Дар шуъбаи ҷарроҳии навзодони Маркази миллии тиббии “Шифобахш” (бемористони Қараболои шаҳри Душанбе) барои аввалин бор ​ ҷарроҳии аз ҳам ҷудо намудани кӯдакони якҷоя таваллудшуда ва ё ба истилоҳи тиббӣ «дугоникҳои сиамӣ» бомуваффақият гузаронида шуд.

Маркази матбуоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар дод, ки волидайни ин тифлон аз ноҳияи Восеи вилояти Хатлон буда, таваллуди ин навзодон тариқи буриши қайсарӣ (кесарево сечение) гузаронида шуд ва муайян гардид, ки яке аз навзодон (ҷинсаш писар) алакай фавтида, холати навзоди дигар (ҷинсаш духтар) хуб аст. Навзоди фавтида аз қисми сар дар пушти дугоники дигар часпида буд. Ахиран ба табибон муяссар шуд, ки тариқи ҷарроҳӣ тифли фавтидаро аз бадани хоҳари хушбахтона зиндамондааш ҷудо кунанд.

Нуқси модарзодӣ, ба мисли “дугоникҳои сиамӣ” аз мушкилоти ҷиддии соҳаи тандурустӣ дар ақсои олам ба ҳисоб рафта, ҳамакнун бо роҳандозии чунин усули ҷарроҳӣ ва аз ҳам ҷудо намудани дугоникҳои сиамӣ табибони тоҷик дар ин бобат таҷрибаи хубе ҳосил намуданд.

​ Наздикони тифли ба тозагӣ ҷарроҳишуда аз шароити мусоиди фароҳамгардида ва аз малакаи кории мутахассисон изҳори қаноатмандӣ кардаанд.

Табибон мегӯянд, дар ҳоли ҳозир вазъи сиҳатии тифли ҷарроҳишуда хуб буда, дар ҷараёни амалиёти ҷарроҳӣ дар ӯ ягон ориза ба назар нарасидааст. Тифл бо модараш дар ҳоли ҳозир дар шуъбаи реаниматсия таҳти муоина боқӣ мемонанд.

 “Бо таҷрибаи ҳосилшуда кӯшиш ба харҷ дода мешавад, то маҳорату малакаи табибон боло бурда шавад ва гузаронидани ин навъи ҷарроҳӣ минбаъд низ дар дохили мамлакат роҳандозӣ гардад”,-  гуфтаанд табибони шуъбаи ҷарроҳии навзодони бемористони “Шифобахш”.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button