ВидеоИқтисод

ҲУКУМАТИ ТОҶИКИСТОН 282 МИЛЛИОН ҚАРЗИ “БАРҚИ ТОҶИК”-РО БАХШИД ВА ПАРДОХТИ 67 МИЛЛИОН ҚАРЗИ “ТОҶИКТЕЛЕКОМ”-РО ЯК СОЛ БА АҚИБ ГУЗОШТ

Ҳукумати Тоҷикистон дастур дод, ки қарзи ШСХК “Барқи тоҷик” назди ҶСК “НБО Сангтӯда-1” ба маблағи 282,4 млн сомонӣ (28 млн доллар), ки аз хариди неруи барқ ба амал омадааст, кам карда шавад.

“Маблағи мазкур ҳамчун ҳиссаи муассис дар сармояи оинномавии ШСХК “Барқи Тоҷик” ба ҳисоб гирифта шавад”, – гуфта мешавад дар қарори ҳукумат, ки 20 декабри соли равон қабул шудааст.

Дар санади дар портали иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлияи ҷумҳурӣ нашршуда зикр мегардад, ки маблағи мазкур ҳамчун пардохти қисми қарзи ширкати “Барқи Тоҷик” дар назди ҶСК “НБО Сангтӯда-1” ба ҳисоб гирифта мешавад.

Мувофиқи қарор, ба маблағи ба ҳамин баробар (282,4 млн сомонӣ) қарзи “НБО Сангтӯда-1” аз андоз, ки то 1 ноябри соли ба вуҷуд омадааст, кам карда мешавад.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии ҶСК “НБО Сангтӯда-1”, ҳаҷми умумии қарзи “Барқи тоҷик” ба ин Ҷамъият то 30 нобяри соли 2022 ҳудуди 2 млрд 592 млн сомонӣ (беш аз 254 млн доллар)-ро ташкил дода буд.

Қаблан зикр гардида буд, ки қарзи “Барқи тоҷик” аз ҳисоби барқи гирифтааш аз неругоҳи “Сангтӯда-1” аз 1 октябри соли 2021 то октябри соли 2022 қариб ба андозаи 30% афзуд.

Ба иттилои манбаъ, аз оғози соли 2022 “Барқи тоҷик” аз ин неругоҳи муштараки Русия ва Тоҷикистон ҳудуди 1,2 млрд киловатт-соат барқ гирифтааст. Сатҳи миёнаи пардохт аз оғози соли 2022 ҳамагӣ 33% аз арзиши барқи интиқолёфтаро ташкил додааст.

ШСХК “Барқи тоҷик” ягона харидори неруи барқи “НБО Сангтӯда-1” мебошад.

ҶСК «Нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда-1» корхонаи муштараки Тоҷикистону Русия аст. Ҳиссаи ширкатҳои русиягӣ дар сармояи оинномавии неругоҳ – 75% тарҳи 1 саҳмия ва ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон – 25% ҷамъи 1 саҳмия аст.

Аз эътибор соқит намудани қарзи “Барқи тоҷик” тибқи ин низом аллакай ба таври муназзам сурат гирифта, ин амал тақрибан ҳар сол сурат мегирад.

Бархе аз коршиносон ин амалро ғайриқобили қабул ва ноодилона хонда, онро як навъ “кумакпулии дуҷониба” унвон мекунанд, ки барои яке пардохтҳои ҳатмӣ бахшида шуда, бархеи дигар барои каме таъхири пардохт ҷарима мешаванд.

Қарзи умумии кредитории “Барқи тоҷик” то аввали нимсолаи якуми соли ҷорӣ 32 млрд сомонӣ (ҳудуди 3,1 млрд доллар)-ро ташкил дод.

Аз ҷумла, қарз ба  Неругоҳи “Сангтӯда-2” 2,8 млрд сомонӣ, “Сангтӯда-1” – 2,4 млрд сомонӣ, “Ориёнбонк” – 2 млрд сомонӣ ва ба Вазорати молия (ҳукумат) – 23,6 млрд сомониро ташкил дод.

Ҳамин тавр, ҳукумати Тоҷикистон амр додааст, ки муҳлати пардохти қарзҳои ширкати “Тоҷиктелеком”, як ниҳоди вобаста ба Хадамоти алоқаи ҳукумати Тоҷикистон, раисаш Бег Сабурро ба таъъхир андозанд.

Бар асоси ин қарори ҳукумат, ки рӯзи 20 декабри соли 2022 қабул шуда ва рӯзи 30 декабр дар пойгоҳи маълумоти ҳуқуқии вазорати адлия нашр шудааст, замони пардохти 67,Ю2 миллион сомонӣ қарзи “Тоҷиктелеком” аз ҳисоби андозро як соли дигар тамдид мекунанд.

Ин ширкати зери раҳбарии Бег Сабур инак чанд сол боз паиҳам дар қатори корхонаҳои аз андоз қарздор ном бурда мешавад.

Манбаъ: Азия Плюс

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button