ВидеоМинтақа ва ҷаҳонҶанг дар Украина

МУШАКБОРОНИ ШАҲРҲОИ УКРАИНА, ПАЁМИ ЗАРХАРИДОНИ ПРИГОЖИН БА ГЕНЕРАЛ ГЕРАСИМОВ ВА КАНДАНИ ҲАЙКАЛҲОИ СУВОРОВ ВА ЕКАТЕРИНАИ 2 ДАР ОДЕССА (ВИДЕО)

Субҳи 29-уми декабри соли 2022 Русия ба таври рекордӣ шаҳрҳои Украинаро мушакборон кард. Бино ба гуфтаи Михаил Подоляк, мушовири раиси дастгоҳи президенти Украина, “ҷониби Русия 120 мушаку дронҳои эрониро ба хоки Украина шиллик кардааст ва аз ин миқдор ба нирӯҳои украинӣ муяссар гаштааст, ки 69 мушакро дар ҳаво зада ғалтонанд”.

Бояд ёдовар шуд, ки ин даҳумин маротиба аст, ки Русия барои нобуд кардани зерсохторҳои энергетикӣ ва пойгоҳҳои газу обтаъминкунии шаҳрҳои Украинаро зери борони мушакҳои эронӣ ва мушакҳои дурпарвози худ қарор медиҳад.

Аз 10-уми октябри 2022 инҷониб Русия ба таври доимӣ аз 70 то 100 мушаки болдори дурпарвоз ва дронҳои эрониро ба шаҳрҳои бузурги Украина шиллик мекунанд. 

Бовар меравад, ки нирӯҳои Русия  бо роҳи тахриб кардани зерсохторҳои энергетикӣ ва пойгоҳҳои газу обтаъминкунии шаҳрҳои Украина дар фасли зимистон мехоҳанд зиндагиро барои мардуми осоиштаи Украина дар фасли сармо вазнин кунанд ва бо ин роҳ ба ҳукумати кунунии ин кишвар фишор биоранд.

Дар ҳамин ҳол, коршиносони соҳа низ аз шикасти нерӯҳои рус дар майдони ҷанг қариб дар ҳамаи ҷабҳаҳо мегӯянд. Онҳо хабар медиҳанд, ки низомиҳои рус аз сабаби омода набудан ва сатҳи пасти тайёрии ҷангиашон, ба ҳамлаи нерӯҳои мусаллаҳи Украина тоб наоварда, рӯ ба фирор мениҳанд ва ҳамин тавр рӯз ба рӯз ақибнишинӣ мекунанд.

Вале зархаридҳои маъруф ба  гурӯҳи  “Вагнер” аз набуди силоҳ ва муҳимоти ҷангӣ шикоят кардаанд. Рӯзи 26-уми декабри соли 2022 дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шуд, ки дар он ду тан аз аъзои гурӯҳи “Вагнер” бо як лаҳни пур аз дашному ҳақоратҳои қабеҳ, аз сардори Ситоди марказии артиши Русия генерал Валерий Герасимов силоҳ талаб мекунад.

Рӯзи пахши видео каналҳои наздик ба Кремл гуфта буданд, ки ин видеороликро украиниҳо пахш кардаанд аммо, пас аз гузашти як рӯз, асосгузори ЧВК “Вагнер” Евгений Пригожин, ки бо лақаби “ошпази Путин” маъруф аст, дурустии видеоро тасдиқ кард ва дар як сабти садоӣ гуфтааст, ки воқеан бо зархаридҳои худ дар ҷабҳаи Бахмут вохӯрдааст.

Украина низ дар навбати худ такроран барои сеюмин бор дар рӯзҳои охир ба фурудгоҳи ҳарбии  “Энгелс”, ки дар вилояти Саратов воқеъ аст, бо ҳавопаймои бесарнишин (дрон)  ҳамла анҷом дод, ки сабаби кушта шудани 3 низомии рус гашт.

Волиҳои вилоятҳои Брянск ва Белгороди Русия низ аз ҳамлаҳои дронҳои украинӣ хабар доданд.

Дар паи мушакборони шаҳрҳои Украина аз ҷониби Русия сокинони шаҳри Одесса аз шаҳрдори ин шаҳри бандарӣ хостанд, ки ҳайкалҳои ба идеологияи Шӯравии собиқ ва Русияи имрӯза дахлдоштаро аз шаҳр баркананд. Шаби 28-уми декабри соли 2022 бо амри шаҳрдори Одесса ҳайкалҳои шоҳбону (императрица) Екатеринаи II ва сипоҳсолор Александр Суворовро аз маркази шаҳр канданд. Ин хашми зиёди русгароҳои Русияро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва васоити ахбори омма ба вуҷуд овардааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button