ВидеоМуҳоҷиронҲодиса

ЯКЕ ДАР БЕМОРХОНА, ДУЮМӢ – ДАР ЗЕРИ ХОК: САДАМАИ МАРГОВАРИ ДУ БАРОДАРИ ТОҶИК ДАР НАЗДИ НАҚБИ ШАҲРИ СОЧИ (ВИДЕО)

Рӯзи 28 декабри соли 2022 дар ҷамоати Чоркӯҳ дар канори шаҳри Исфара дар шимоли Тоҷикистон Абдураҳим Раҳмонзодаро ба хок супурданд. Абдураҳим, ки ҳамагӣ 31 сол дошт, субҳи 26 декабр дар як садама дар шаҳри Сочи ба ҳалокат расид. Бародари 29-солаи ӯ Абдурауф, ки он субҳи наҳс дар сари чанбари фармони мошин буд, бо дасти шикаста то ҳол дар бемористон қарор дорад.

Дар ин бора ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” сокинони Чоркӯҳ хабар доданд. Бино ба иттилои онҳо, Раҳмонзода Абдураҳим, санаи таваллудаш 06.02.1991, дар Сочи ба мардикорӣ машғул буд. Аз ӯ ду фарзанди хурдсоли яке 6 ва дуюмӣ ҳамагӣ сесола ятим боқӣ монд.

Қаблан расонаҳои маҳаллии Сочи хабар доданд, ки субҳи 26 декабр дар километри 16+ 440 дар роҳи “Дублёри хиёбонони Курортний”, дар назди даромад ба нақби Сочи дар ноҳияи Марказии ин шаҳр ду мошин ба ҳам бархӯрдаанд.

Дар идораи ГИБДД (собиқ ГАИ) гуфтаанд, ки ронандаи мошини тамғаи ВАЗ 21130 ҳангоми ҳаракат аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт баромада натавонист ва ба самти муқобили ҳаракат баромада, ба мошини тамғаи “Лада Веста” бархӯрд. Дар натиҷаи садама, ронандаи 29-солаи ВАЗ 21130 ва мусофири 31-солаи ӯро ба бемористон интиқол доданд, вале мусофири ин мошин бар асари ҷароҳатҳои бардоштааш дар бемористон ҷон додааст.

Маълум шуд, ки осебдидагон бародарон Абдураҳим ва Абдурауф Раҳмонзодаҳо аз ҷамоати Чоркӯҳ аз Исфараи Тоҷикистон будаанд.

Ҳар сол беш аз як миллион нафар, ё тақрибан нисфи аҳолии қобили кори Тоҷикистон барои пайдо кардани рӯзии хонаводаҳои худ ба хориҷ ва асосан ба Русия ба муҳоҷирати корӣ мераванд. Бисёрии онҳо бо аҳли хонаводаҳои худ ба Русия мераванд. Ҳар сол дар Русия ба далелҳои мухталиф то 1000 нафар аз муҳоҷирони тоҷик мемиранд. Фалокатҳо дар ҷои кору ҷои зист, ва бемориҳову садамаҳои нақлиётӣ аз иллатҳои умдаи марги муҳоҷирони тоҷик дар Русия ном бурда мешаванд.

Як канали маҳаллӣ видеои кӯтоҳи як шоҳиди садама дар назди нақби Сочиро нашр кардааст:

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button