ВидеоИқтисодТоҷикистон

БОВАР МЕКУНЕД? “БАРҚИ ТОҶИК” МЕГӮЯД, БАРҚРО ФАҚАТ ШАБОНА МЕКУШАНД

Инак чанд моҳ боз сокинони Тоҷикистон аз пайваста кушта шудани барқ дар фасли тирамоҳ ва инак ҳатто дар зимистон шикоят мекунанд. Ширкати “Барқи Тоҷик”, ки дар моҳи октябр барқкушиҳоро ба зарурати анҷоми корҳои профилактикӣ ва баъдан ба кам шудани сатҳи об дар обанбори нирӯгоҳи Норак рабт медод, ҳоло афзоиши талабот дар фасли сармо ба нирӯи барқро далели камбуди он номидааст.

Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати саҳҳомии холлдингии “Барқи тоҷик” дар суҳбат бо ҳафтаномаи “СССР” гуфт, ҳар фасли зимистон талаботи аҳолии кишвар ба истифодаи нерӯи барқ афзуда, таъминоти он ҳоло пурра аз фаъолият ва иқтидори НБО Норак вобастагӣ дорад.

   – Имсол аз рӯи ҳисоби мутахассисон НБО Норак бо меъёри муқаррарии об пур карда шудааст. Бе ин ҳам аз рӯи таҳлилу нишондодҳои мутахассисон ҳамасола дар фасли зимистон то 1 млрд 6 млн кВт.соат дефитсити барқро дошта, барои истифода дар рӯзҳои хеле сард бошад ҳатман 220 – 500 кВт.соат барқ захира карда мешавад. Бо фаро расидани сардиҳои рӯзҳои ахир маҳдудияти барқро дар шаҳру ноҳияҳо зина ба зина кам карда, ҳамин ҳоло танҳо дар вақти шабона – аз соати 23:00 то 05:00-и субҳ барқ қатъ мегардад. Рӯзона қариб, ки дар аксари шаҳру ноҳияҳо барқ бидуни маҳдудият истифода шуда истодааст, – таъкид кардааст Нозирҷон Ёдгорӣ.

 Сухангӯи “Барқи Тоҷик” дар идомаи суҳбаташ гуфтааст, ки танҳо пас аз пурра ба кор шуруъ намудани тамоми  чархаҳои нирӯгоҳи оғун реҷаи бо меъёр истифодаи барқ дар кишвар дар фасли зимистон аз байн хоҳад рафт.

   – То пурра ба кор андохтани тамомии агрегатҳои НБО Роғун мо бояд барқро сарфакорона истифода барем, то дар рӯзҳои сард ба коллапси энергетикӣ гирифтор нашавем. Мардум дар фасли зимистон барқ ва асбобу лавозимоти барқиро хеле зиёд ва бидуни сарфакорӣ истифода мебаранд, ки ин ба зуд-зуд аз кор баромадани трансформаторҳо оварда мерасонад. Ҳоло низ чунин ҳолатҳо мавҷуд буда, бо истифода аз рӯзҳои офтобӣ мутахассисони шабакаҳои барқи шаҳру ноҳияҳо ба таъмиру таҷдиди трансформатору ноқилҳо машғуланд. Барқро оқилона бояд истифода бурд, то ин ки бе барқ намонем, – иброз дошт Нозирҷон Ёдгорӣ.

Тоҷикистон инак чанд даҳсола боз дар ҳар фасли тирамоҳ ва зимистон ба камбуди шадиди нирӯи барқ гирифтор мешавад ва аз моҳи октябр то апрел ба сокинони манотиқи деҳоти ин кишвар дар шабонарӯз ҳамагӣ чанд соат барқ медиҳанд. Мақомот мардумро умедвор карда буданд, ки баъди ба кор андохтани чархаи аввали нирӯгоҳи Роғун лимити барқ дар кишвар тамом мешавад. Соли 2018 дар пайи мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани чархаи аввали Роғун президент Эмомалӣ Раҳмон низ ҳамаро итминони хотир дода буд, ки афсонаи лимити барқ дар Тоҷикистон бо ҳамин моли таърих шуд. Вале бо вуҷуди ба кор даромадани алакай ду чархаи нирӯгоҳи Роғун  камбуди нирӯи барқ дар кишвар ҳамчунон эҳсос мешавад. Бахусус дар фасли сармо.

Дар ҳоле ки мақомот дар ин афзоиши талабот ба нирӯи барқро муқассир медонанд, бисёриҳо бар инанд, ки сабабгори камбуди нирӯи барқ дар фасли зимистон ба хориҷ фурӯхтани он аст. Бисёриҳо аз ҷумла Афғонистонро мисол меоранд, ки бо вуҷуди як кишвари ҷангзада буданаш ҳатто дурдасттарин деҳоташро ҳам ҳатто дар зимистон бо нирӯи барқ таъмин мекунад. Аз ҷумла аз ҳисоби барқе, ки аз Тоҷикистон мехарад. Ва ин дар ҳолест, ки, мегӯянд мунтақидон, деҳаҳои ин тарафи рӯди Омӯ дар Тоҷикистон дар зимистон  ҳама ба чоҳи торикӣ фурӯ мераванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button