ВидеоСиёсатТоҷикистон

ДУ ХЕШОВАНДИ НАЗДИКИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН АЗ МАНСАБ БАРКАНОР ШУДАНД

Ҷамолиддин Нуралиев, домоди раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки моҳи июни соли 2022 аз мақоми муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон барканор шуда буд, акнун бо фармони президент аз охирин мақоми расмиаш: узвияти раёсати Бонки миллӣ ҳам хориҷ карда шудааст.

 Фармони Президенти Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2022, таҳти № 481 дар махзани маълумоти ҳуқуқии вазорати адлияи Тоҷикистон нашр шуд. Дар фармон  гуфта мешавад, ки муовинони нави раиси Бонки миллӣ Шарифзода Фирӯз Ҳомиддин ва Салимзода Алиҷон Абдуҷалол ба узвияти раёсати Бонки миллӣ пазируфта шуда, Ҷамолиддин Нуралиев аз ҳайъати раёсат хориҷ карда шавад.

Ҷамолиддин Нуралиев, ки аз моҳи майи соли 2015 тайи 7 сол муовини аввали раиси Бонки миллӣ буд, дар аввали моҳи июни соли 2022 аз ин мақом барканор карда шуд. Дар фармони президент гуфта мешуд, ки Нуралиев “ба сабаби ба кори дигар гузаштан” аз мақоми муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод карда мешавад. Вале бо гузашти беш аз ним сол то ҳол дар бораи таъйини ӯ ба ягон мансаби дигар хабаре ба даст нарасидааст.

Сарусадоҳое буд, ки шояд Ҷамолиддин Нуралиев ба ҷои Нусратулло Давлатзода раҳбари нави Кумитаи андоз таъйин шуда, бо якҷо кардани Кумитаи андозу Хадамоту гумрук  ва боз чанд идораи ба истилоҳ “пулчинак” дар Тоҷикистон дигарбора вазорати даромадҳоро эҳё кунанд. Вале то кунун ин нақша дар сатҳи  суҳбатҳо дар роҳравҳои ҳукумат боқӣ монда, ба вуқӯъ напайвастааст.

Ҷамолиддин Нуралиев 45 сол дошта, домоди дуюми президенти Тоҷикистон ва шавҳари Озода Раҳмон, раиси дастгоҳи иҷроияи президент аст. Ӯ ва Озода Раҳмон 5 фарзанд доранд.

Манобеи гуногун ширкати бузурги IRS, масъули нигоҳубин ва пулчинӣ дар шоҳроҳи Душанбе -Хуҷанд – Чаноқ, ва ҳам бонки “Спитаменбонк”, яке аз бонкҳои дар ҳоли рушди босуръати Тоҷикистонро ба Ҷамолиддин Нуралиев рабт медиҳанд. Вале худи Нуралиев то кунун ягон бор инро тасдиқ накардааст.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи 27 декабри соли 2022 Рressa.tj аз қавли ҳунарманди театри Лоҳутӣ Аъзам Розиқ хабар дод, ки  Лутфулло Давлатов аз вазифаи директори Театри академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ барканор ва ба ҷойи ӯ Абдукарим Машрабов таъйин гардидааст.

Лутфулло Давлатзода 20 декабри соли 1958 дар ноҳияи Темурмалик (дар гузашта Совет) ба дунё омада, соли 1979 Донишкадаи давлатии санъати ба номи Мирзо Турсунзодаро  хатм кардааст. Ӯ солҳои тӯлонӣ дар театри Лоҳутӣ ҳамчун ҳунарпеша кор карда, солҳои 2004-2009 сармуҳаррири идораи мусиқии телевизиони Тоҷикистон ва сипас то соли 2015 мудири телевизиони “Сафина” буд. Аз соли 2015 Лутфулло Давлатзода директори театри Лоҳутӣ буд.

Лутфулло Давлатзода бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон риштаи қудоӣ дорад: Ҳамсари писари калонии президент Рустами Эмомалӣ ҷияни ин ҳунарпешаи шинохта аст.

Абдукарим Машрабов фарзанди ҳунарманд ва овозхони маъруф Ибодулло Машраб мебошад.  Ӯ соли 1983 таваллуд шуда, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзодаро хатм кардааст. Пас аз хатми донишкада дар Театри Лоҳутӣ фаъолият дошт.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button