ВидеоФарҳангЧеҳраҳо

ДАРГУЗАШТИ АДИБИ ТОҶИКИ САМАРҚАНДӢ ӮКТАМИ ИБРОҲИМ

Нависанда ва рӯзноманигори маъруфи  тоҷики зода ва сокини Самарқанд Ӯктами Иброҳим рӯзи 27 декабри соли 2022 дар синни 66 аз олам чашм пӯшид. Аҳли фарҳанг ва адаб даргузашти ин марди равшанфикрро талафоти сангин ва як мусибати бузург барои арсаи фарҳангу адаби тоҷикии Самарқанд ва Мовароуннаҳр унвон мекунанд.
Ӯктами Иброҳим 20-уми марти соли 1956 дар шаҳри Самарқанд ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби миёнаи рақами 8 (1973), шомили факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Алишер Навоӣ гардида, сипас таҳсилро дар Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе давом додааст. 9 моҳ дар Студияи телевизиони Тоҷикистон кор кардааст. Баъдан ба зодгоҳаш баргашта, муддате (1977-1980) коргари чопхонаи вилоятӣ будааст. Солҳои 1980-1991 муҳаррири бахши таблиғоти Идораи интишори филми Тоҷикистон, сардори шуъбаи таблиғоти Иттиҳодияи эҷодию истеҳсолии «Тоҷиккино», муҳаррири ҷаридаи «Навигариҳои экран» будааст. Чакидаҳои қалами ӯ дар рӯзномаву маҷаллаҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон, аз ҷумла, «Пионери Тоҷикистон», «Ҳақиқати Ӯзбекистон» («Овози тоҷик») «Тоҷикистони Советӣ», «Совет Тожикистони», «Комсомоли Тоҷикистон», «Занони Тоҷикистон», «Хорпуштак», инчунин, «Зарафшон», «Леди», «Самаркандский вестник», «Овози Самарқанд», «Правда Востока» ва ғайра ба се забон (тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва русӣ) ба табъ расидаанд. Моҳи январи соли 1991 вазифаҳои котиби масъул ва мудири шуъбаи рӯзномаи «Овози Самарқанд»-ро бар уҳда доштааст. Сипас муҳаррири бахши тоҷикии ҳафтаномаи «Самарқанд», муҳаррири барномаи телевизионии «Чашми дил»-и Ширкати симо ва садои вилояти Самарқанд будааст.
Ӯктами Иброҳим муаллифи китобҳои «Дар маҳтобшаб» (1996), «Шоми Регистон» (1977), «Ба дунё як бор меоянд» (1977), «Разм бо марг» (1977), «Марсияи тирамоҳ» (2008), «Падида ё фармоише аз кайҳон» (2010), «Дидор ва видоъ» (2010), «Ёде аз бузургон» (2009), «Ғазаби Немезида» (1998, ба забони русӣ) ва ғайра мебошад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button