ВидеоҚиссаҳои муҳоҷиронМуҳоҷиронНуқтаи назар

ЧАРО МАРДОНИ ТОҶИК ИН ҚАДАР БЕҒАЙРАТ ШУДААНД? ШИКОЯТИ ЯК ЗАНИ МУҲОҶИР АЗ РУСИЯ

Омина, як зани муҳоҷир аз Тоҷикистон, ки дар шаҳри Колчугинои вилояти Владимир Русия кору зиндагӣ мекунад, бо пойгоҳи хабарии “Бомдод” дар тамос шуд ва аз рафтори бархе ҳамватанонаш дар ин шаҳр шикоят кард.

Омина нақл кард, ки ҳафтаи гузашта, рӯзи 21 декабр дар бемористони марказии шаҳри Колчугино шоҳиди муноқишаи як зани тоҷик бо як марди рус барои навбат шуд.

“Пеши табиб тибқи қоида як кас бо талон медаромаду як кас аз онҳое, ки талон надоранд. Навбати ин зан, ки ягон 36 ё 36 сол дошт, соати 15:45 расид. Ӯ ягон 20 дақиқа пеши духтур истод ва вақте ки аз онҷо баромад, як марди рус, ки ӯ ҳам барои даромадан ба пеши ин духтур навбат мепоид, ба ин зани бечора часпид, ки гӯё хеле зиёд дар пеши духтур истода, вақти дигаронро ҳам гирифтааст. Марди рус, ки солхӯрда ва зоҳиран нафақахӯр буд, даррав доду фиғон бардошт ва аз зиёд будани муҳоҷирон дар шаҳраш лаб ба шиква кушод бо ҳамон гапи машҳури: “Понаехали!” ва гапҳои чирту пирти зиёде зад, аз қабили ин ки “шумо, муҳоҷирон, ҳамаат аз худ рафтаед!”, нақл мекунад Омина.

Зани тоҷик то хеле ба гапҳои он мард тоқат кард ва лому мим нагуфта, танҳо ҳамин қадар гуфтааст, ки “ман навбати касеро нагирифтам, шиштам то расидани навбатам, баъд даромадам”. Вақте он мард аз ҳад гузаронд, ин дафъа гуфташ, ки “мо, тоҷикҳо, ҳам ҳоло ба мардуми шумо дар Ватанамон ҷой додаем, касеро пеш намекунем ку”.

Вале он мард ҳамчунон доду вой мекард ва зани тоҷик  билохира тоқаташ тоқ ва косаи сабраш лабрез шуду гуфт: “Рот закрой, старый козёл!” Марди рус аз ин чунон ба шӯр омад, ки  аз гиребони курткаи он зани тоҷик гирифт ва пурсид: “Чӣ гуфтӣ?” Зан, ки алакай рафта истода буд ва дар назди зинапояҳо қарор дошт,  гуфт ки: “Довели!”, яъне: “Ба ин ҳолат расондед!”

Марди рус боз ҳам бештар ба қаҳр омада, он занро чунон тела дод, ки қариб аз зинапояҳо ба поён биафтад. Додувойи онҳоро шунида, табибон аз ҳуҷраҳои худ баромаданд ва аз зани тоҷик талаб карданд, ки баромада равад.

Аҷаб он буд, ки бино ба нақли Омина, дар навбати духтур чор марди ҳузарби тоҷик низ нишаста буданд, ки  байни худ ба тоҷикӣ суҳбат мекарданд. Ягон нафар аз ин мардҳо ба ҳимоят аз он зани тоҷик барнахест, ҳатто дар байн надаромад, ки онҳоро халос кунад.

Омина мегӯяд, ки ӯ ба хорию зории он зан дигар тоқат накард ва ба пулис занг зад.

“Кормандони пулис омаданд, вале … он чор марди тоҷик ба афсарони пулис ба зидди зани тоҷик баёнот дода, аз он марди рус тарафдорӣ карданд. Ин мардҳои тоҷик боз ману он занро таъна ҳам карданд. Он занро барои онки, ба ақидаи инҳо, бе асос бо он марди рус ҳафту ҳашт кард. Маро барои онки ба пулис хабар додаму гӯё, ба ақидаи инҳо, тоҷикҳоро “шарманда” кардам. Кор ба ҷое расид, ки афсарони пулис ба мо бовар накарданд ва як далели асосиашон низ ҳамин буд, ки мегуфтанд, ки “бинед ҳатто ҳамватанони худатон ба зидди шумо баёнот доданд”, нақл мекунад Омина.

Ӯ мепурсад, ки “чаро мардони тоҷик ин қадар беғайрат шудаанд? О наход ба ҷои аз як зани ҳамватани худ пуштибонӣ кардан ӯро зери борони таънаю маломат қарор диҳед ва ҳатто ба зидди ӯ ба пулис баёнот диҳед, ки айби зани тоҷик шуд? Ғайрати мардуми мо куҷо шуд?”

Омина ҳамин тавр, аз ҳамватанҳои худро фиреб додану  ба қавли маъруф “кидат” кардани мардону занони тоҷик суҳбат кард ва аз ҷумла аз як ҷавонзане аз Ҳисор қисса кард, ки бо сад умед ба Русия ба мардикорӣ омадааст, вале миёнаравҳои беинсоф бо ваъдаи ёфтани ҷои кор пулашро гирифтаанду ғайб задаанд. Ӯ аз як марди тоҷик қисса кард, ки ҳамроҳ бо чанд зан дар Инстаграм канали ҷустуҷӯи ҷои кор кушодааст ва занони тоҷики зудбоварро ба доми фиреб ғалтонида аз онҳо пул талаб мекунад ва баъди пардохти пул ба корти ин мард, занҳо дигар бо ин мард ҳамсӯҳбат шуда наметавонанд, чунки онҳоро блок мекунад.

Омина ҳамчунин аз як зани соли таваллудаш 1998 бо номи Фараҳноз М. қисса кард ки дар ВатсАпп ва Инстаграм гурӯҳи кори сиделка барои занҳои муҳоҷир кушода, аз онҳо пешакӣ пул талаб карда мегирад ва баъди пулро ба корташ интиқол додан он занҳои корҷӯро блок мекунад. “Ин ҳаромхӯр якчанд симкорти телефон ва сайту гурӯҳ дорад”,  нақл мекунад Омина ва мегӯяд, худаш дар Колчугино ҷои кори хубу хонаю дар дорад, вале дилаш ба ҳамватанҳои беҳуқуқаш сахт месӯзад.

 Шаҳри Колчугино дар вилояти Владимир, дар 80-километрии ғарби маркази ин вилоят, шаҳри Владимир ва тақрибан 150-километрии шимолушарқи шаҳри Маскав ҷойгир шудааст. Дар Колчугино ва атрофи он садҳо муҳоҷир аз Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд.

Бемористони шаҳри Колчугино

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button