ВидеоФарҳангЧеҳраҳо

ШАСТИ ҲАЁТОЙ МӮЪМИНОВА – ҲУНАРМАНДИ НОТАКРОР ВА КОНИ НИРӮВУ ЭНЕРЖИИ МУСБАТ

Боварнокарданист, вале Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Ҳаётой Мӯъминова, ин кони беохири нирӯву энержии мусбат ва ҳамеша ханда бар лаб ба синни мубораки 60 расид.

Ҳаётой Мӯъминова (Мӯъминова  Ҳаётхон Арслонова) 24 декабри соли 1962 дар Регар (ҳоло Турсунзода) ба дунё омадааст. Падару модараш дар мактаб муаллими оддӣ буданд. Падараш  аъло хондани духтарашро дар мактаб дида, орзу дошт, ки Ҳаётой коргари ҳизбӣ шавад ва ба мансабҳои баланд бирасад, модараш мехост, ӯ касби табибиро пеша кунад. Аммо вақте ки Ҳаётой  ҳамагӣ 5 сол дошт, ӯро ба мактаби мусиқӣ оварданд ва ин роҳи ояндаи ӯро муайян кард.

Ҳаётой дар мактаби мусиқӣ рубобнавозӣ ва овозхониро омӯхт ва баъди иҷрои таронаи овозхони машҳури он даврон Мастона Эргашева бо номи “Бахти ҷовидон” дар озмуни ҷумҳуриявии “Бӯстон 2” ҳамчун овозхони ҷавону ояндадор ном баровард. Дар поёни солҳои 80, вақте ки устод Зафар Нозим Ҳаётой Мӯъминоваро ба ансамбли навташкили фолклорию этнографии “Ганҷина” даъват кард, ӯ алакай дар водии Ҳисор як овозхони шинохта ва матраҳ буд, ки бо хондани таронаҳои мардумӣ дар дили мардум ҷои худро пайдо карда буд.

Ҳаётой Мӯъминова чандин сол дар “Ганҷина” ҳунарнамоӣ карда, сипас раҳбари ансамбли “Чаман” ва узви ҳайъати ҳакамони озмуни “Овози тиллоӣ буд” ва инак чанд сол боз дар Донишкадаи санъати ба номи Мирзо Турсунзода дарс медиҳад ва таърихи мусиқии тоҷикро, ки як арсаи илмии то кунун хеле кам таҳқиқшуда ба шумор меравад, таҳқиқ мекунад.

Агар аз солҳои ҳунарнамоиҳои эҷодии Ҳаётой Мӯъминова даҳҳо таронаҳои шоҳкор, аз ҷумла таронаҳои мардумии бо шарофати бозхонии ӯ эҳёшуда ба ёдгор монда бошанд, маҳсули  фаъолияти илмии солҳои охири ӯ асарҳоест, ба мисли “Нақши Барно Исҳоқова дар ташаккули фарҳанги иҷрои “Шашмақом”, “Нақши нахустин овозхонщои зан дар ташаккули санъати операи миллӣ дар Тоҷикистон (солҳои 1940-1960)”,  “Саҳми занон дар рушди фарҳанги мусиқии Тоҷикистон дар нимаи дуюми асри 20 ва авввали асри 21”…

Бо  ин рисолаи охир Ҳаётой Мӯъминова ҳанӯз соли 2015 дар Маскав сазовори унвони номзади илм шуда буд, вале, мутаассифона, ВАК Тоҷикистон ба кадом далели то кунун норӯшане то ҳол ба ӯ унвони дотсентӣ намедиҳад.

Вале як бузургии Ҳаётой Мӯъминова низ дар ҳамин аст, ки ӯ ҳеҷ гоҳ аз ин зарбаҳои зиндагӣ ва шебу уфтҳои рӯзгор дилшикаста намешавад, он қадар дили бузург дорад, ки аз ин ҳама чашм мепӯшад ва бо ҳамон нирӯи позитив ва ҳамон чеҳраи пур аз ханда ба роҳи худ идома медиҳад.

Дар тарҷумаи ҳоли ӯ як саҳифаи сиёҳе низ ҳаст, ки дар поёни моҳи апрели соли 1986 ӯ ва як гуруҳи дигари бузурги бонувони рубобнавози тоҷикро бо сафари ҳунарӣ ба Чернобил фиристоданд. Маконе ки тоза 26 апрели соли 1986 шоҳиди садамаи нирӯгоҳи ҳастаӣ шуда буд. Роҳбарони вақти Шӯравӣ бефикрона занони тоҷики ҳунармандро ба ин макони хатарнок фиристоданд, ки барои иштирокчиёни амалиёти рафъи оқибатҳои садамаи нирӯгоҳи ҳастаӣ консерт диҳанд. Бисёре аз онҳое, ки ба он макони заҳролуд сафар карданд, бемор шуданду бархе хеле зуд аз дунё рафтанд. Ба Ҳаётой Мӯъминова ва Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Сафаргул Юсуфова баъди 36 соли он рӯзҳои фоҷиабор, дар арафаи шастсолагиаш медали “Қаҳрамони Чернобил” доданд.

Вале ҳатто ин ҳодиса ҳам рӯҳияи Ҳаётой Мӯъминоваро нашикаст ва заррае аз нирӯву энержии мусбати ӯ ва аз хандаи ҳамеша дар лабонаш нақшбаста кам накард.

Вижагии дигаре, ки хоси Ҳаётой Мӯъминова аст, бо ҳама хурду бузург, чапу рост, сиёҳу сафед як будани ӯст. Мутолиаи навори бузурги иборат аз садҳо табрикот, ки дар зодрӯзаш саҳифаи ӯро дар Фейсбук зеб додааст, нафақат маҳбубияти Ҳаётой Мӯъминоваро ҳамчун ҳунарманд намоиш медиҳад. Ин навор ҳокист, ки ӯ аз ҳама хайлу ҳар тоифа дӯсте дорад. Дар байни онҳое, ки ба табрики Ҳаётой Мӯъминова шитофтанд, онҳое ҳам ҳастанд, ки дар зиндагӣ ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба якдигар душмани ҷонанд, вале дар ин навори табрикот яке пайи дигар қатор шуда, навбат гирифтаанд. Барои ҳам ину ҳам он ӯ Апа аст. Апаи азиз, гиромӣ ва самимӣ!

Зодрӯз ва ҷашн муборак, Апаи азизу дилсафеди ҳамаи мо!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button