ВидеоМинтақа ва ҷаҳонМуҳоҷиронҶанг дар Украина

ЗОДАИ ТОҶИКИСТОН ФИРӮЗ ДАДАБОЕВ ДАР РУСИЯ БА ҶОСУСӢ АЙБДОР МЕШАВАД

Муфаттишони ФСБ Русия зодаи Тоҷикистон Дадабоев Фирӯз Темирбоевичро, ки  шаҳрвандии Русияро дорад, ба хиёнат ба давлат айбдор кардаанд. Дар ин бора шоми чоршанбе, 21 декабри соли 2022 хабаргузории расмии Русия ТАСС хабар дод. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия ба ТАСС гуфтаанд, ки Дадабоев ба ҳабс гирифта шуда, дар СИЗО ё боздоштгоҳи “Лефортово” нигоҳ дошта мешавад.

Дар ҷараёни чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ Дадобоев Фирӯз Темирбоевич дастгир гардид, ки муфаттишони ФСБ ба зидди ӯ бар асоси моддаи 275 Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми хиёнат ба давлат айбнома эълон кардаанд. Ӯ ба ҳабс гирифта шудааст ва дар давраи тафтишот дар боздоштгоҳи “Лефортово” нигоҳ доша мешавад”, – гуфтааст ҳамсуҳбати ТАСС.

Ҷузъъиёти дигари парвандаи ҷиноятие, ки дар он феълан танҳо номи Дадабоев ҳаст, ба далели махфӣ будани тафтишот нашр карда намешаванд. Маълум нест, ки оё Фирӯз Дадабоев ба ҷосусӣ ба манфиати кадом кишвар айбдор мешавад?

Қарори маълум, дар пайи оғози ҷанги Русия бо Украина дар Русия боздошти афрод бо иттиҳоми ҷосусӣ ба маротиб афзудааст.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи 21 декабр хадамоти матбуоти додгоҳи ноҳияи Лефортовои шаҳри Маскав ба хабаргузории ТАСС хабари ҳабси Дадабоевро тасдиқ кардаанд ва гуфтаанд, замони ҳабси ӯ то ду моҳи дигар тамдид карда шуд.

“Бо қарори додгоҳи ноҳияи Лефортово аз 20 декабри соли 2022 нисбат ба Дадобоев Фирӯз Темирбоевич, ки бар асоси моддаи 275 Кодекси ҷиноятии Русия ба хиёнат ба давлат айбдор мешавад, чораи пешгирӣ дар намудаи ҳабс ба муддати ду моҳ, яъне то 26 феврали соли 2023 тамдид карда шуд “, – хабар додаанд дар додгоҳи Лефортово.

Дар ин додгоҳ ҳамчунин хабар додаанд, ки Фирӯз Дадабоев зодаи Тоҷикистон аст.

Ба ӯ бар асоси моддаи 275 Кодекси ҷиноятии Русия барои хиёнат ба давлат ва ҷосусӣ ҳамчун ҷазо аз 12 то 20 соли зиндон бо ҷарима ба маблағи то ним миллион рубл таҳдид мекунад.

Дар бораи Фирӯз Дадабоев маълумоти мувассақ ҳанӯз дастрас нашудааст. Дар манбаъҳои боз танҳо дар сомонаи Бизнесразведка.РФ маълумоте ҳаст, ки бар асоси он, нафаре бо айни номи  Дадабоев Фирӯз Темирбоевич, санаи таваллудаш 12 январи соли 1977, аз соли 2008 ба ин тараф тибқи қарордод и аутсорсинг ба ҳайси муҳандиси пуштибонии фанннии ширкати ҳавопаймоии “Сибир” (S7)  дар фурудгоҳи Домодедовои Маскав кор мекунад. Бино ба иттилои “Бизнесразведка”, Дадобоев муҳандиси гуруҳи пуштибонии васоили алоқа ва техникаи компютерӣ буда, вазифааш хидматрасонии фаннӣ ва таъмини барномасозии компютерҳо ва дигар техникаи  ширкати ҳавопаймоии “Сибир” дар фурудгоҳи Домодедово мебошад.

Дар бораи Фирӯз Дадабоев маълумоти дигаре то ин соат ба даст наомадааст.

Вале ин яке аз нахустин мавридҳои ҳабси зодагони Тоҷикистон дар Русия бо иттиҳоми ҷосусӣ ва хиёнат ба давлат аст. Ҳадди ақал, яке аз аввалин чунин мавридҳо, ки расонаӣ мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button