ВидеоҶанг дар Украина

СӮИҚАСД БА ҶОНИ МУОВИНИ СОБИҚИ САРВАЗИРИ РУСИЯ ДАР ДОНЕТСК

Дмитрий Рогозин, собиқ муовини сарвазири Русия ва роҳбари пешини “Роскосмос” шоми 21-уми декабри соли  2022 дар натиҷаи як ҳамлаи мушакии қувваҳои мусаллаҳи Украина дар тарабхонаи “Шеш Беш”, воқеъ дар вилояти ғасбшудаи Донетск, захмӣ шудааст.

Бино ба гузоришҳо, ҳамла замоне сурат гирифтааст, ки Рогозин бо чанд тан аз мансабдорони баландпояи  ба ном “ҷумҳурии халқии Донетск”, аз ҷумла сарвазири он Виталий Хотсенко, зодрӯзи худро дар меҳмонхонаи “Шеш Беш”, ки тарабхона низ ба он тааллуқ дорад, ҷашн мегирифт. Аммо Рогозин гуфтааст, ки  онҳо “дар вохӯрии корӣ” қарор дошт.

Дар ҳамин ҳол, роҳбари ин ҷумҳурии худхонда, Денис Пушилин ба расонаҳо хабар додааст, ки “дар ин амалиёт 2 низомӣ кушта шуда ва сарвазир Хотсенко низ маҷрӯҳ гардидааст”.

Расонаҳо аз кушта шудани 2 нафар ва маҷрӯҳ гардидани дастикам 5 кас хабар медиҳанд. 

Бино ба гуфтаи худи Рогозин, “як оҳани андозааш тахминан 3×4 милиметрӣ, каме болотар аз рони ростро шикоф карда, дохили баданаш шудааст”.

RT аз қавли Рогозин менависад, ки ӯ “аз тахтапушт ҷароҳат бардоштааст”.

Вале сомонаи “База” менависад, ки ин мансабдори рус “аз сар, қисмати болои рон ва пушт” ҷароҳат бардоштааст.

Ҳамзамон Рогозин гуфтааст, ки “тайи 8 сол тарабхонаи “Шеш Беш” боре зери ҳамла қарор нагирифта буд. Гумон мекунам касе аз дохил ин маълумотро ба низомиёни украинӣ дониста додааст. Тахминан  соати 19:45 чанд зарбаи ҳадафрас моро нишон гирифт. Қутри ин мушакҳо 155 милиметрӣ буд”.

Ёрдамчии Рогозин гуфтааст, ки “ин ҳамла тавассути тӯпхонаи CAESAR сурат гирифтааст, зеро танҳо ин тӯпхона, мушакҳои қутраш 155 милиметриро шиллик мекунанд ва ин яроқ истеҳсоли Фаронса аст”.

 Дмитрий Рогозин моҳи июли соли 2022  баъди чор соли кор аз мансаби роҳбари “Роскосмос” сабукдӯш карда шуд. Ӯ аз он қабл муовини сарвазири Русия буд ва бо шиорҳои миллатгароёна ва сиёсати зидди муҳоҷирон ном бароварда буд.

Пас аз барканорӣ аз раҳбарии “Роскосмос”, Рогозин бештар дар мавриди ҷанги Украина менавишт ва моҳи ноябри соли 2022 аз ташкили як гурӯҳе бо номи “Царские волки” хабар дод. Ҳадафи ин гурӯҳ, ба қавли Рогозин, “расонидани кӯмакҳои низомию техникӣ” ба ҷудоихоҳони вилоятҳои Донетск ва Луҳанск будааст.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи 21 декабр президенти Украина Владимир Заленский пас аз оғози ҷанг бори аввал кишварро тарк намуда, барои вохӯрӣ бо президенти Амрико ба Вашингтон сафар кардааст.

Расонаҳои машҳури ҷаҳон аз он менависанд, ки шояд ин вохӯрӣ рафти ҷангро пурра дигар кунад.

Ҷониби Украина бар он пофишорӣ мекунад, ки Амрико бояд ба Украина мушакҳои дурпарвоз ва тайёраҳои бесарнишини зарбазани замонавӣ ирсол кунад.

Зимни нишасти матбуотӣ раисҷумҳур Байден низ гуфт, ки “Амрико аз Украина пуштибонӣ мекунад ва чӣ қадаре зарур бошад, кумакҳои худро дареғ намедорад”.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button