ВидеоМуҳоҷирон

ИМСОЛ ҲАР РӮЗ КАМАШ 436 НАФАР ВА АЗ АВВАЛИ СОЛ ҚАРИБ 120 ҲАЗОР ТОҶИК ШАҲРВАНДИ РУСИЯ ШУДААНД

Ҷанги Украина ҳам ба азми шумори рӯзафзуни он зодагони Тоҷикистон, ки мехоҳанд шаҳрвандии Русияро ба даст биоранд, таъсире накардааст. Ҳатто баракс, ин тамоюл ҳамчунон рӯ ба афзоиш қарор дорад! Бино ба  омори нишондиҳандаҳои марбут ба вазъи муҳоҷират дар 9 моҳи соли 2022, ки ВКД Русия нашр кардааст, дар моҳҳои январ –сентябри соли 2022, боз 119 ҳазору 609  зодаи Тоҷикистон шиносномаи тоҷикии худро бо шиносномаи русӣ иваз кардаанд. Яъне ба ҳисоби миёна, имсол ҳар рӯз 436 зодаи Тоҷикистон соҳиби шаҳрвандии Русия шудааст.

Барои муқоиса, соли гузашта ба ҳисоби миёна ҳар рӯз 288 зодаи Тоҷикистон ва дар умум дар як сол 103 ҳазор зодаи ин кишвар шаҳрвандии Русияро ба даст оварда буданд.

Тамоюли рӯ ба афзоиши азми зодагони Тоҷикистон барои дарёфти шаҳрвандии Русияро аз ин омори расмии ВКД Русия, ки сол ба сол шумори тоҷикони соҳиби шаҳрвандӣ гардидаро ҳисобу китоб кардааст, метавон ба чашм дид ва ба риштаи таҳлил кашид:

Соли 2016 – 23 ҳазор нафар;

Соли 2017 – 29 ҳазор нафар;

Соли 2018 – 35,7 ҳазор нафар;

Соли 2019 – 44,7 ҳазор нафар;

Соли 2020 – 63,3 ҳазор нафар;

Соли 2021 – 103,6 ҳазор нафар;

Аз январ то сентябри 2022 – 119 ҳазору 609 нафар.

Дар ин “чемпионат” барои дарёфти шаҳрвандии Русия Тоҷикистон танҳо аз Украина ақиб мемонад. Боз ҳам барои муқоиса, бо вуҷуди онки шумори муҳоҷирони ӯзбек дар Русия аз тоҷикҳо хеле бештар аст, аз аввали сол ҳамагӣ 19 ҳазор зодаи Ӯзбекистон, яъне 100 ҳазор нафар ё 6 маротиба камтар аз тоҷикҳо, шаҳрвандии Русияро гирифтаанд. Шумораи шаҳрвандони нави Русия аз ҳисоби зодагони Қирғизистон 16 ҳазор, аз Озарбойҷон 17ҳазорӣ ва аз ҳисоби зодагони Қазоқистон 31 ҳазор  ва аз ҳисоби арманиҳо 32 ҳазор бештар шудааст.

Бо назардошти онки боз 162 ҳазор тоҷики дигар дар Русия ҳаққи иқомати доим ё муваққат (РВП а ВНЖ) доранд (аз ин шумор 114 ҳазор имсол ин ҳақро ба даст овардаанд), метавон гуфт, ки тоҷикҳо дар “чемпионат”и дарёфти шаҳрвандии Русия дар солҳои наздик ҳамчунон дар саффи пеш боқӣ хоҳанд монд.

Бино ба ҳисобҳо, аз соли 2000 ба ин тараф алакай қариб як миллион нафар аз зодагони Тоҷикистон, аксаран бо ҷамъи хонаводаҳояшон шаҳрвандии Русияро ба даст овардаанд.

Бар илова, дар солҳои охир шумори онҳое низ дар ҳоли афзоиш аст, ки ба ҷустуҷӯи зиндагии беҳтар худро ба кишварҳои аз Русия низ дуртари Аврупову Амрико мезананд.

Мақомоти Тоҷикистон ҳиҷрати мардумро ба раванди ҷаҳонишавӣ рабт медиҳанд ва мегӯянд, дар шароити дунёи муосир қариб ягон кишвар аз ин раванд берун намондааст.

Аммо ҷомиашиносон мегӯянд, барои мардуми тоҷик муҳаббат ба зодгоҳ дар фарҳанги чандҳазорсолааш нақши бориз дорад ва афзоиши раванди ҳиҷрати аҳолӣ ба хориҷ аз сарчашмаҳои ҷиддитар ва пеш аз ҳама аз эҳсоси ноумедии онҳо ба ояндаи беҳтар дар Ватан маншаъ мегирад.

Бо онки сели сокинони Тоҷикистон бо умеди ба даст овардани “роҳхат ба як зиндагии беҳтар” дар пеши дари сафоратҳову идораҳои муҳоҷирати кишварҳои хориҷӣ навбат мепоянд, ҷомиашиносон аз як паёмади ногувори ин тамоюл – фирори мағзҳо ва коҳиши қишри босавод ва кордони аҳолӣ дар Тоҷикистон – бонги изтироб мезананд.

Онҳо мегӯянд, кишварҳои хориҷӣ, бахусус Русия, мутахассисони беҳтарин ва ботаҷрибаро аз байни омӯзгорону табибон, муҳандисон, устоҳо ва намояндагони касбҳои дигар гулчин мекунад ва ин боис мешавад, ки ҷои онҳоро дар Тоҷикистон бо нафарони бетаҷрибае, ки тоза аз донишгоҳ берун шудаанд, пур кунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button