ВидеоСиёсат

ТАЗОҲУРОТИ ОЛМОНИҲО БА ҲИМОЯТ АЗ ФАРЗАНДИ ЯКЕ АЗ РОҲБАРОНИ ООППОЗИТСИЯИ ТОҶИК (4 АКС)

Рӯзи шанбе, 17 декабри соли 2022 ҷамъе аз сокинони Олмон дар шаҳри Дортмунд бо талаби ба Тоҷикистон ихроҷ накардани паноҳҷӯи тоҷик Абдуллоҳи Шамсиддин тазоҳурот доир кардаанд. Бино ба иттилои дарёфтӣ, ҳудуди 20 нафар аз дӯстони ҳамкорони олмонии Абдуллоҳи Шамсиддин, бо шумули корфармояш, ҳамчунин чанде аз наздикони ӯ, аз ҷумла падараш, як узви аршад ва аз поягузорони ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ Шамсиддини Саид, иштирок кардаанд.  Тазоҳургарон, тавре аз шиорҳои бо худ овардаашон дида мешуд, аз он нигарон буданд, ки ба Абдуллоҳи Шамсиддин дар сурати ихроҷаш ба Тоҷикистон, ҳукми тӯлонии зиндон ва шиканҷа метавонад таҳдид кунад.

Шамсиддини Саид рӯзи 19 декабр ба сомонаи “Бомдод” хабар дод, ки куҷо будани писараш низ аниқ шудааст: “Абдуллоҳ феълан дар як боздоштгоҳ дар канори шаҳри Дортмунд қарор дорад. Ҳамсарашу фарзандонаш субҳи ҷумъаи 16 декабр тавонистанд, ки рафта, ӯро дар боздоштгоҳ бубинанд. Барояш ду адвокат гирифтаем, ки ҳоло талош доранд, то қарори ихроҷи Абдуллоҳ аз Олмон ба Тоҷикистон бозбинӣ шавад”.

Мақомоти Олмон Абдуллоҳи Шамсиддинро, ки чанд соли охир  бо зану ду фарзандаш дар шаҳри Дортмунди Олмон ба сар мебарад, рӯзи 12 декабри соли 2022 аз манзилаш дар Дортмунд гирифта, ба фурудгоҳи шаҳри Мюнхен оварданд, то ки ба Тоҷикистон ихроҷаш кунанд. Шоми ҳамон рӯз аз Дортмунд ба Душанбе ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр” парвози мустақим анҷом медод. Аммо бо кадом сабаби номаълум, рӯзи 12 декабр ихроҷи Абдуллоҳи Шамсиддин ба таъхир афтод.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон то кунун хабарҳо дар бораи эҳтимоли аз Олмон ба Душанбе ихроҷ шудани фарзанди яке аз раҳбарони оппозитсияро шарҳ надодаанд.

 Абдуллоҳи Шамсиддин дар Дортмунд ҳамроҳи зану ду фарзандаш зиндагӣ дошт ва дар як ширкати насби дарҳои электронӣ кор мекард. Шамсиддини Саид мегӯяд, писараш ба фарқ аз худи ӯ аслан ба фаъолиятҳои сиёсӣ ва оппозитсионӣ машғул набуд ва дунболи зиндагии худ буд.

Шамсиддини Саид гуфт, ба фарқ аз зану ду фарзандаш, ки будубошашонро дар Олмон қонунӣ кардаанд, Абдуллоҳ дар гирифтани ҳуҷҷати паноҳандагӣ “як каме саҳлангорӣ” карда буд.

Намояндагони мухолифини тоҷик аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки ба Абдуллоҳи Шамсиддин дар Тоҷикистон ба далели фаъолиятҳои оппозитсионии падараш метавонад азобу шиканҷа ва ҳукми тӯлонии зиндон таҳдид кунад. Онҳо аз ҷумла Ҳизбулло Шовализода ёдовар мешаванд, ки моҳи феврали соли 2020 аз Австрия ба Душанбе истирдодаш карданд ва ӯ баъди чанде дар Тоҷикистон ба 20 соли зиндон маҳкум гардид.

Шамсиддини Саид ҳанӯз дар поёни солҳои 80 ба саффи ҲНИТ, ки он вақт “наҳзати ҷавонони Тоҷикистон” ном дошт, пайваст ва соли 1986 барои иштирокаш дар гирдиҳамоии эътирозӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа бо талаби раҳоии асосгузори ин ҳаракат Саид Абдуллоҳи Нурӣ дастгир ва маҳкум ба зиндон шуд.  Соли 1992, дар пайи оғози ҷанги шаҳрвандӣ ва манъи фаъолияти ҲНИТ тарки Тоҷикистон кард ва то соли 1997 дар Теҳрон ба ҳайси намояндаи Нурӣ фаъолият дошт.

Баъди имзои созишномаи сулҳ байни ҳукумат ва оппозитсия Шамсиддини Саид ба Тоҷикистон баргашт ва чандин сол умури равобити байналмилалии ҳизби наҳзатро дар дафтари ҲНИТ дар Душанбе бар уҳда дошт ва узви раёсати ҳизб буд. Соли 2015, дар пайи манъи дигарбораи фаъолияти ҲНИТ Шамсиддин Саид  ба Аврупо паноҳ овард.

Баъди соли 2015 садҳо нафар аз роҳбарон ва тарафдорони ҲНИТ ба кишварҳои Аврупо паноҳ бурданд ва ҳоло ин ҳизби оппозитсионӣ асосан дар Аврупо амал мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button