ВидеоМуҳоҷирон

“ҲАСИБИ ПУРИ ДОЛЛАР”: АЗ БАҒОЧИ МУСОФИРИ ПАРВОЗИ ХУҶАНД – МАСКАВ 60 ҲАЗОР $ ЁФТААНД (ВИДЕО+2 АКС)

Кормандони боҷхонаи фурудгоҳи Домодедовои шаҳри Маскав, пойтахти Русия аз бағочи як мусофире, ки аз Тоҷикистон омада буд, маблағи бузурги асъори хориҷиро пайдо кардаанд.  Гуфта мешавад, ин мусофир, ки шаҳрвандии Русияро дошт, 60 ҳазор доллар пули нақдро ба фолгаҳо печонда, дар байни  гӯшти кӯфта (котлетаҳо) пинҳон кардааст.

Дафтари матбуоти Хадамоти федералии боҷхона ё гумруки Русия рӯзи 14 декабри соли 2022 бо нашри як иттилоия гуфт: “Кормандони боҷхонаи Домодедово дар байни маҳсулоти гӯштӣ “ҳасиби пур аз доллар” пайдо карданд. Як мусофири парвози Хуҷанд – Маскав мехост қариб 60 ҳазор долларро ғайриқонунӣ ворид кунад. Ин шаҳрванди 29-солаи Русияро дар “роҳрави сабз” манъ карданд. Ин маблағи бузурги асъори хориҷии нақдро ӯ ба фолга печонда ва дар даруни гӯшти кӯфта ва дигар маҳсулоти хушхӯри гӯштӣ пинҳон карда буд”.

Боҷхонаи Русия гуфт, тибқи қонун, бидуни эъломияи гумрукӣ ба қаламрави ин кишвар метавон танҳо маблағи баробари то 10 ҳазор долларро ворид кард.

Ба ин мусофир бар асоси қисми дуюми моддаи 200.1 Кодекси ҷиноятии Русия барои қочоқи маблағи махсусан бузург ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи 15 баробари маблағи қочоқӣ (яъне қариб як миллион доллар!!!)  ваё то 4 сол ҳукми зиндон таҳдид мекунад.

Ин яке аз нахустин мавридҳои боздошти шаҳрвандон бо иттиҳоми қочоқи маблағҳои бузург ба қаламрави Русия аст. То кунун асосан дар бораи кӯшишҳои аз Русия берун баровардани пули нақд хабарҳо ба  даст мерасид. Аксари дастгиршудагон муҳоҷироне буданд, ки пулҳои дар Русия бо азоб коркардаи худро ба Ватан, аз ҷумла ба Тоҷикистон мебурданд.

Русия, ки баъди шурӯи ҷангаш бо Украина таҳти таҳримоти байналмилалӣ қарор гирифтааст, аз моҳи марти соли 2022 берун баровардани пули нақдро маҳдуд кард ва ҳоло танҳо ба баровардани маблағи баробари то 10 ҳазор доллар иҷозат медиҳад.

Вақтҳои охир дар Русия камбуди ҷиддии асъори хориҷии нақд мушоҳида мешавад. Ба ақидаи коршиносон, зоҳиран ҳамин ҳолат қочоқбаронро таҳрик додааст, ки ба қочоқи асъори хориҷӣ ба самти баракс, яъне ба худи Русия иқдом кунанд.

Аксҳо аз дафтари матбуоти Хадамоти федералии боҷхонаи Русия

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button