ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

БОЗДОШТИ ДУ СОКИНИ ДУШАНБЕ БАРОИ ҚАЛЛОБӢ БА МАБЛАҒИ 240 ҲАЗОР ДОЛЛАР

Ду марди 38 ва 41-солаи сокинони шаҳри Душанбе ба он айбдор мешаванд, ки моҳи январи соли 2022, бо роҳи фиреб аз ду сокини пойтахт 5 мошинро бо арзиши 192 ҳазор доллар ва аз як сокини дигари Душанбе бо ваъдаи харида додани манзил дар бинои навбунёд  48 ҳазор доллар гирифта, то ҳол онҳоро фиреб дода гаштаанд. Ҳаҷми умумии зарари ба шаҳрвандон расонидаи онҳо 240 ҳазор доллар, ё наздики дуюним миллион сомониро ташкил медиҳад. Ба ин ду сокини пойтахт бар асоси қисми чоруми моддаи 248 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ҷаримаи ҳангуфт ваё то 12 соли зиндон таҳдид мекунад.

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 14.12. 2022

Ба даст овардани маблағи муфт бо роҳи қаллобӣ

01

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду марди 38 ва 41-солаи сокинони шаҳри Душанбе бо гумони қаллобӣ дастгир карда шуданд.
Номбурдагон моҳи январи соли 2022, бо роҳи фиреб ба боварии марди 34-солаи сокини пойтахт даромада аз ӯ автомашинаи тамғаи «Лексус-570»-ро бо арзиши 70 ҳазор доллари амрикоӣ нархгузорӣ карда гирифта, ваъда додаанд, ки маблағашро дар муддати 1 моҳ бармегардонанд, аммо автомашинаро фурӯхта, маблағашро ба манфиати шахсиашон сарф намудаанд.
Ҳамин тариқ номбурдагон моҳи январи соли 2022, ба боварии марди 39-солаи сокини пойтахт даромада аз ӯ 2-адад автомашинаи тамғаи «Тойота Камри», 1-адад автомашинаи тамғаи «Форд-Мустанг», 1-адад автомашинаи «Мерседес-Бенс»-ро ҷамъ ба маблағи 122 ҳазор доллари амрикоӣ нархгузорӣ карда гирифта, ваъда додаанд, ки маблағашонро дар муддати кӯтоҳ бармегардонанд, аммо автомашинаҳоро фурӯхта, маблағашонро ба манфиати шахсиашон сарф намудаанд.
Ҳамин тавр мардони дар боло зикркардашуда моҳи январи соли 2022, бо роҳи фиреб ба боварии марди 32-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ 48 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта ваъда додаанд, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе аз биноҳои навсохтмон манзили истиқоматӣ гирифта медиҳанд, аммо маблағҳоро ба манфиати шахсиашон сарф намудаанд.
Нисбати гумонбаршавандагон парвандаи ҷиноятӣ аз тарафи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button