ВидеоРӯйдодҳои БадахшонҲуқуқи инсон

ҲОМИЁНИ ҲУҚУҚ ОЗОДИИ 6 ФАЪОЛИ ПОМИРИРО ТАЛАБ КАРДАНД

Созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон “Ҳюман Райтс Вотч” (“Дидбони ҳуқуқи башар”) рӯзи 12 декабри соли 2022 дар як изҳорот озодии 6 фаъоли ҷомиаи шаҳрвандӣ аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шарқи Тоҷикистонро тақозо кард. Ба ақидаи ҳомиёни ҳуқуқ, ин 6 фаъоли дар робита ба эътирозҳои моҳи майи соли 2022 дастгиршуда дар натиҷаи мурофиаҳои догоҳии баста ва ноодилона ва бидуни дастрасӣ ба адвокат маҳкум ба зиндон шудаанд.

“Ҳюман Райтс Вотч” раҳоии ин 6 нафарро талаб дорад:

  1. Улфатхоним Мамадшоева, журналист ва фаъоли ҳуқуқи инсон, ки ба 21 соли зиндон маҳкум шудааст;
  2. Фаромӯз Иргашов, адвокат, раҳбари Комиссияи 44, ки ба 29 соли зиндон маҳкум шудааст;
  3. Музаффар Муборакшоев, фаъоли ҳуқуқ ва узви Комиссияи 44, ки ба 30 соли зиндон маҳкум шудааст;
  4. Хурсанд Мамадшоев, бародари Улфатхоним Мамадшоева ва узви Комиссияи 44, ки ба 18 соли зиндон маҳкум шудааст;
  5. Манучеҳр Холиқназаров, раҳбари Анҷумани ҳуқуқшиносони Помир ва узви Комиссияи 44, ки ба 15 соли зиндон маҳкум шудааст;
  6. Хушрӯз Ҷумъаев, фаъоли ҳуқуқ ва блогер, мутахаллис ба Хушом Гулям, ки ба 8 соли зиндон маҳкум шудааст.

Синат Султоналиева, пажуҳишгари масоили Осиёи Марказӣ дар созмони “Ҳюман Райтс Вотч” гуфт: “Мурофиаҳои додгоҳии фаъолони бадахшонӣ пушти дарҳои баста, бидуни дастрасӣ ба адвокат ва бидуни ироаи далелҳои зидди онҳо бо поймол кардани меъёрҳои аслии мурофиаҳои одилона сурат гирифт. Мақомоти Тоҷикистон бояд ин 6 фаъолро, ки барои истифодаи қонунии ҳуқуқи худ дастгир шудаанд, бидуни таъхир озод карда, иттиҳомоти зидди онҳо эълоншударо бекор кунад”.

Улфатхоним Мамадшоева ва шавҳари собиқаш генерал Холбаш Холбашов, ки моҳи сентябр ба ҳабси абад маҳкум шуд, ба қасди сарнагун кардани ҳукумат гунаҳкор дониста шуданд. 5 нафари “Комиссияи 44” як ниҳоди ҷамъиятие буд, ки фаъолони Бадахшон моҳи ноябри соли 2021 барои таҳқиқи сабабҳои марги сокини ноҳияи Роштқалъа Гулбиддин Зиёбеков ташкил доданд. Баъди чанд соати боздошташ кушта шудани Зиёбеков ба мавҷи эътирозҳо дар Бадахшон оғоз гузошт.

“Ҳюман Райтс Вотч” менависад, таъқиби фаъолон, журналистон ва ҳуқуқшиосон дар Бадахшон аз моҳи май, дар пайи саркӯби мавҷи нави эътирозҳои помириҳо, як ақалияти қавмӣ ва динии сокини шарҳи Тоҷикистон, ки солҳо боз таҳти табъиз қарор доранд, идома дорад. Созмони Милал аз кушта шудани тақрибан 40 нафар дар Бадахшон хабар дода буд. Ҳомиёни ҳуқуқ аз дастгир шудани беш аз 200 тан аз зодагони ин вилоят ҳарф мезананд. Мақомоти Тоҷикистон кушта шудани 29 сокини Бадахшон ва боздошти беш аз 100 нафарро тасдиқ кардаанд.

“Ҳюман Райтс Вотч”  менависад, дар шароити адами дастрасӣ ба адвокатҳо дар вилояте, ки ҳамагӣ 7 вакили мудофеъ амал мекунанд ва бисёрии адвокатҳо метарсанд, ки парвандаҳои зодагони Бадахшонро ба дӯш бигиранд, нигарониҳое вуҷуд дорад, ки эътирофи гуноҳи бисёрии зодагони Бадахшон, бахусус Мамадшоева ва Холбашов бо шиканҷа ва зӯрӣ гирифта шуда бошад.

“Ҳюман Райтс Вотч” таъкид кардааст, ки ҳукми ин фаъолони бадахшонӣ дар пайи муколамаи солонаи Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон эълон шуд. Дар ин муколама ҷониби Аврупо пиромуни вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, аз ҷумла аз шароити тоқатфарсои кори журналистон, ҳомиёни ҳуқуқ ва ҷомиаи шаҳрвандӣ дар ин кишвар изҳори нигаронии амиқ карда, хостори анҷоми таҳқиқоти мустақилонаи ҳодисаҳои моҳи ноябри соли 2021 ва моҳи майи соли 2022 дар Бадахшон шуда буд. Парлумони Аврупо низ ҳанӯз рӯзи 7 июл хостори таҳқиқи хушунатҳо дар Бадахшон шуда, билофосила озод кардани ҳомиёни ҳуқуқ, журналистон ва фаъолони дастширшудаи ҷомиаи шаҳрвандии Бадахшонро тақозо карда буд.

Рӯзи 9 декабр гузоришгари вижаи Созмони Милал дар масоили ҳомиёни ҳуқуқ низ дар як нишасти хабарӣ дар анҷоми боздиди дуҳафтаинааш аз Тоҷикистон аз “саркӯби ошкори садоҳои норозӣ” ва “таъқиби журналистони мустақил ва ҳомиёни ҳуқуқ” дар ин кишвар изҳори нигаронии ҷиддӣ карда, ба мақомоти Тоҷикистон хотиррасон кард, ки онҳо бояд уҳдадориҳои байналмилалиеро, ки ихтиёран ба дӯши худ гирифтаанд, иҷро кунанд ва ҳамаи ҳомиёни ҳуқуқро, ки ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашонида шудаанд ва ба онҳо ҳукми зиндон таҳдид мекунад, раҳо кунанд.

Синат Султоналиева, пажуҳишгари масоили Осиёи Марказӣ дар созмони “Ҳюман Райтс Вотч” низ гуфт: Мақомоти Тоҷикистон бояд уҳдадориҳои байналмилалии худ дар мавриди ҳуққи инсонро риоя карда, ин ҳамлаи бесобиқа болои шаҳрвандони худ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро, ки як сол боз идома дорад, бас кунанд. Шарикони байналмилалии Тоҷикистон бояд дар мавриди ҳамкорӣ бо ин кишвар раҳоии фаъолони помириро дар афзалият қарор бидиҳанд”.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button