ВидеоМуҳоҷирон

СОҲИБИ ДӮКОНИ ШАУРМАФУРӮШӢ ДАР ШАҲРИ РОСТОВ БАРОИ МАРГИ ДУ ОШПАЗИ ТОҶИК ВА ЯК МУШТАРӢ БА 7 СОЛИ ЗИНДОН МАҲКУМ ШУД

Додгоҳи ноҳияи Совети шаҳри Ростови лаби Дони Русия рӯзи 9 декабри соли 2022 Самвел Товмасян, соҳиби дӯкони шаурмафурӯшӣ дар фурӯшгоҳи воқеъ дар маҳаллаи Левентсовкаро барои таркиши пурқурбонӣ дар дӯконаш, ки боиси марги 3 нафар: ду ошпази тоҷик  Искандар Давронов ва Шуҳрат Сулаймонов ва як муштарии рус шуд, ба 7 соли зиндон маҳкум кард. Шаҳрванди Арманистон Самвел Товмасян бояд ҳамчунин ба давлат 450 ҳазор рубл ва ба наздикони Михаил Буланов, яке аз қурбониёни он таркиш як миллион рубл ва ба як нафари дигари осебдида 100 ҳазор рубл товон бисупорад.  Аммо наздикони ошпазҳои  тоҷики ҳалокшуда аз даъво бо талаби товон даст кашида гуфтаанд, ки  наздикони Товмасян алакай ба онҳо товон пардохт карданд.

Самвел Товмасян бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноятии Русия (моддаи 143 ва моддаи 238) дар вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ дар ҷои кор ва расондани хидматрасониҳое, ки ҷавобгӯи меъёрҳои бехатарӣ нест ва аз беэҳтиётӣ боиси марги инсонҳо шудааст, гунаҳкор шинохта шуд.

Бино ба маводи парванда, ки нашрияи маҳаллии Блокнот-Ростов иқтибос овардааст, Товмасян як павилонро дар фурӯшгоҳи воқеъ дар кӯчаи Жданов дар маҳаллаи Левентсовка ба иҷора гирифта, дар онҷо дӯкони шаурмафурӯшӣ кушод. Ба ҳайси пазанда ӯ ду шаҳрванди Тоҷикистон Искандар Давронов ва Шуҳрат Сулаймоновро ба кор гирифтааст.

Шаби 6 ба 7 январи соли 2021 дар ин дӯкони шаурмафурӯшӣ  балони газ таркид. Ошпазҳои тоҷик Давронов ва Сулаймонов ва ҳамчунин чанд муштарӣ ҷароҳат бардоштанд. Ҳарду ошпаз ва ҳамчунин яке аз муштариён бо номи Михаил Буланов, ки ҳамагӣ 24 сол дошт, баъдан бар асари ҷароҳатҳои бардоштаашон дар бемористон ҷон доданд. Ду ошпаз баъди чанд соати таркиш даргузаштанд, вале барои наҷоти ҷони Буланов табибон 40 рӯз мубориза бурданд.

Наздикони ду ошпази тоҷик бо соҳиби дӯкон баҳси додгоҳӣ накарданд ва бо гирифтани маблағи интиқоли ҷанозаҳои онҳо ба Тоҷикистон ва дигар хароҷоти гӯручӯб иктифо карданд.

Вале наздикони Михаил Буланов ба ҷазо додани Самвел Товмасян пойфишорӣ карданд.

Ҳоло ҳам, бо вуҷуди қарори додгоҳ, ки Товмасянро ба 7 соли зиндон ва пардохти як миллион рубл товон ба наздикони Буланов муваззаф кард, онҳо мегӯянд, аз ин қанор қаноатманд нестанд. Ба ақидаи наздикони Буланов, бояд писари  Самвел Товмасян ҳам ба ҷавобгарӣ кашонида мешуд, ки умури он дӯкони шаурмафурӯширо дар даст дошт, нафақат падари солхӯрдаи ӯ.

Ҳар сол беш аз як миллион аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон барои муҳоҷирати корӣ ба хориҷ ва асосан ба Русия мераванд. Ҳар сол танҳо дар Русия то 1000 нафар аз муҳоҷирони тоҷик ба иллатҳои гуногун ба зиндагӣ падруд мегӯянд. Фалокатҳо дар ҷои кор ва ҷои зист аз сабабҳои умдаи маргу мири муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба шумор мераванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button