ВидеоМуҳоҷирон

ҲАЛОКАТИ ДУ ТИФЛИ ХУРДСОЛИ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК БАР АСАРИ СӮХТОР ДАР РУСИЯ (ВИДЕО)

Рӯзи 6 декабри соли 2022 бар асари сӯхтор дар як хонаи бому девораш чӯбин дар хутор ё деҳаи Усмани ноҳияи Багаевои вилояти Ростови Русия ду кӯдаки хурдсоли як оилаи муҳоҷирони тоҷик – духтарчаи дусола ва писарчаи панҷсола ҷон бохтаанд. Хутори Усман тақрибан дар 60-километрии шарқи шаҳри Ростови лаби Дон ҷойгир шудааст. Дар инҷо ҳамагӣ 100 нафар зиндагӣ мекунанд.

Бино ба иттилои нашрияи маҳаллии Donday, дар он рӯзи наҳс падару модари ин ду кӯдаки ғӯррамарг, ки падарашон 33 солу модарашон 27 сол доштаанд,  кӯдакони худро дар хона танҳо гузошта, барои дуруст кардани ҳуҷҷатҳояшон ба маркази муҳоҷирон рафтаанд. Онҳо тоза аз Тоҷикистон омада, ин хонаи чӯбинро дар кӯчаи Донская ба иҷора гирифта буданд ва худро дар идораи муҳоҷират сабти ном карда, акнун аз пайи гирифтани патент ва ҷустуҷӯи кор будаанд.

Нимаи дуюми рӯзи 6 декабр, тақрибан соати 16, хонаи онҳо ногаҳон даргирифтааст. Кӯдакони оҷиз, ки дар хона танҳо монда буданд, дар оташ нобуд шудаанд.

Бино ба иттилои идораи МЧС вилояти Ростов, сӯхтор ибтидо дар як ҳуҷра дар хонаи № 8 дар кӯчаи Донская  ба амал омада, дар байни чанд дақиқа тамоми биноро фаро гирифтааст. Ҳамсояҳо алангаи дуду оташро дида, ба идораи сӯхторнишонӣ хабар додаанд. Ба ҷои ҳодиса 24 сӯхторнишонро бо 10 мошин фиристодаанд. То омадани онҳо ин хонаи масоҳаташ ҳамагӣ 30 метри мураббаъ алакай пурра ба коми оташ рафта, бому деваораш чаппа шуда буд ва оташ алакай ба ошхона гузашта буд. 

Ба сӯхторнишонҳо барои пурра фурӯ нишондани оташ тақрибан як соати дигар лозим шуд. Онҳо баъдан аз зери овори бинои сӯхта ҷасадҳои ду кӯдаки маъсумро пайдо карданд.

Дар робита ба ин ҳодиса бо иттиҳоми аз беэҳтиётӣ ба ҳалокат расондани ду нафар парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Ба падару модари ғамзада бар асоси қисми сеюми моддаи 109 Кодекси ҷиноятии Русия  то 4 сол маҳдуд кардани озодӣ, корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то 4 сол ваё ба ҳамин муҳлат ҳукми зиндон таҳдид мекунад.

Танҳо дар ҳафтаи ҷорӣ дар Русия дастикам чор тифли тоҷик ҷон бохтанд. Аз ин пеш дар бораи аз бемории зуком фавтидани ду тифли тоҷик дар шаҳри Санкт Петербург гузориш шуда буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button