ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲАМЛАИ ҒОРАТГАРОН БА ЯК СОКИНИ ВОСЕЪ ДАР ПОЙТАХТ, ҚАЛЛОБӢ БО 13 КУБ ТАХТА ВА МУСОДИРАИ 43 ҲАЗОР “ХЛОПУШКА” ДАР АШТ ВА ДУШАНБЕ

Ду марди 20 ва 26-солаи сокини шаҳри Душанбе ба он гумонбар мешаванд, ки соати яки шаби 7 декабр дар кӯчаи Н.Қарабоеви пойтахт бо зӯрӣ телефони мобил ва 500 сомонӣ пули марди 31-солаи сокини ноҳияи Восеъро бо зӯрӣ кашида гирифтаанд.

хххххххххххххххххх

Ҷавони 21-солаи сокини шаҳри Душанбе ба он гумонбар мешавад, ки моҳи сентябр бо фиреб аз як сокини  40-солаи Ҳисор бо роҳи фиреб 13 метри мукааб тахтаро ба маблағи 6 ҳазор доллар гирифта, то ҳол пулашро надодааст.

хххххххххххххххххх

Аз як сокини 45-солаи сокини ноҳияи Ашт 32 ҳазор дона маводи тарфгарии “Мики Маус”  а аз як ҷавони 18-солаи сокини шаҳри Душанбе 11 ҳазору 520 дона маводи тарфгарии намуди «Трения» пайдо ва мусодира кардаанд.



Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 08.12. 2022

Боздошти ду нафар бо гумони ғоратгарӣ

062

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 31-солаи сокини ноҳияи Восеъ муроҷиат намудааст, ки 7-уми декабри соли 2022, тахминан соати 01:00, ҳангоми дар кӯчаи Н.Қарабоеви пойтахт қарор доштанаш, шахсони номаълум бо роҳи ошкоро ва зӯроварӣ аз дасташ 1-адад телефони мобилӣ ва 500 сомониро гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду марди 20 ва 26-солаи сокинони шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуданд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Даст ба қаллобӣ задани ҷавони 21-сола

043

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 40-солаи сокини шаҳри Ҳисор муроҷиат намудааст, ки 23-юми сентябри соли 2022, ҷавони 21-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 13 кӯб тахта ба маблағи 6 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки маблағашро дар муддати кӯтоҳ бармегардонад, аммо ваъдаашро то ҳол иҷро накардааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Пешгирӣ намудани муомилоти ғайриқонунӣ

006

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 45-солаи сокини ноҳияи Ашт, ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ дастгир карда шуд.
Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ 32 ҳазор дона маводи тарфгарии пиротехникии “Мики Маус” дарёфт ва гирифта шуд.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 199 иловаи 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Ҳамчунин, зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 18-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ дастгир карда шуд.
Ҳангоми кофтуков аз дасти номбурда ба миқдори 11 ҳазору 520 дона маводи тарфгарии намуди «Трения» дарёфт ва гирифта шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button