АфғонистонВидеоМинтақа ва ҷаҳон

ГУЗОРИШҲОИ ГУНОГУН ДАР БОРАИ МУЗОКИРОТИ АҲМАДИ МАСЪУД БО РОҲБАРОНИ ТОЛИБОН ДАР МАСКАВ

Манобеи мухталиф хабар медиҳанд, ки Аҳмади Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, ахиран дар шаҳри Маскав  бо роҳбарони баландпояи ҳаракати тундрави Толибон, ки аз моҳи августи соли 2021 қудратро дар Афғонистон ба дасти худ гирифтаанд, мулоқот кардааст.

Ҷабҳаи муқовимати миллӣ то кунун ин хабарҳоро расман тасдиқ ё такзиб накардааст, вале агар онҳо воқеъият дошта бошанд, пас ин нахустин музокироти рӯбарӯи Аҳмади Масъуд бо раҳбарони баландпояи Толибон баъди гузоришҳои қаблан нашршуда дар бораи музокироти бенатиҷаи ӯву Исмоилхон бо Амирхони Муттакӣ, вазири хориҷаи Толибон дар Эрон хоҳад буд.

СангарТҶ, як пойгоҳи хабарии марбут ба гуруҳҳои зидди Толибон, ки дар Тоҷикистон таъсис дода шудааст, хабар дод, ки манобеъи “Сангар” дар Русия сафари Аҳмади Масъуд ба ин кишвар ва мулоқоташ бо ҳайате таҳти раҳбарии Мулло Яъқуб, вазири дифоъи Толибонро таъйид карданд. Мулло Яъқуб фарзанди Мулло Умар, асосгузори ҳаракати Толибон аст. “Сангар” меафзояд, ки дар меҳвари музокираҳо дар Русия “ояндаи Афғонистон ва чигунагии як ҷӯромад” дар ин масъала қарор доштааст.

Ва аммо шореҳ ва журналисти рус Andrei Serenko дар каналаш дар Телеграм аз қавли се манбаи алоҳидаи афғон хабар дод, ки бино ба сарусадоҳои ба дасташон расида, дар Маскав бо миёнаравии Русия музокироти байни ҳайъатҳои Толибон ва Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ба хотири гӯё таҳияи матни созишномаи сулҳи байни Толибон ва ин ҷабҳа ҷараён дорад ва гӯё ҳайати муқовиматро худи Аҳмади Масъуд раҳбарӣ мекунаду  дар раъси ҳайъати Толибон, ба гуфтаи яке аз ҳамсуҳбатони Серенко, як нафари монанд ба сардори идораи ҷосусии Толибон Абдулвосиқ дида шудааст.

Дар ҳамин ҳол, телевизиони “Омӯ” бо такя ба манбаъҳои наздик ба Аҳмад Масъуд  хабар додааст, ки ӯ рӯзи сешанбеи ҳафтаи гузашта, яъе 15 ноябр, барои гуфтугӯ бо мансабдорони Русия, ба он кишвар рафтааст. Бино ба иттилои манбаъҳои “Омӯ”, аз ин қабл намояндагони чанд кишвар, аз ҷумла намояндаи вижаи Қатар дар умури Афғонистон Мутлақ бин Маҷид Қаҳтонӣ ду маротиба барои дидор бо Аҳмади Масъуд ба Тоҷикистон омадааст. Қатар, қарори маълум, дар баробари Покистон аз кишварҳои асосии ҳомии Толибон ба шумор мерафт, вале вақтҳои охир муносибатҳои Қатару Покистон бо Толибон дучори таниш шудааст.

Ин манбаъҳо ҳамчунин аз гуфтугӯҳо миёни Аҳмад Масъуд ва намояндагони Ҳинду Эрон дар Тоҷикистон хабар дода, гуфтаанд, ки онҳо бо Аҳмади Масъуд масоили марбут ба тадвири музокирот барои таъсиси “як ҳукумати нав” дар Афғонистонро баррасӣ кардаанд. Манбаъҳо гуфтаанд, бинобар ҳассосиятҳои минтақаӣ, сафари мақомдорони кишварҳо ба Тоҷикистон ва дидор бо Аҳмад Масъуд расонаӣ нашудааст. Ба гуфтаи манбаъҳо, мақомҳои кишварҳое, ки ба Тоҷикистон омада ва бо Аҳмад Масъуд гуфтугӯ доштаанд, хостаанд, муҳтавои мулоқот ва суҳбатҳояшон нашр нашавад. Муҳтавои ин гузориши ТВ “Омӯ”-ро Радиои Озодӣ нашр кардааст.

Аҳмади Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд

Аҳмади Масъуд соли 1989 дар хонаводаи Аҳмадшоҳи Масъуд, Қаҳрамони миллии Афғонистон ба дунё омадааст. Ӯ 12 сол дошт, ки падарашро ҷангиёни шабакаи Ал-Қоида дар як ҳамлаи мусаллаҳона куштанд. Аҳмади Масъуд  дар Академияи ҳарбии Сандерҳерсти Бритониё ва солҳои 2012 то 2015 дар факултаи таҳқиқоти ҳарбии коллеҷи подшоҳии Лондон таҳсил карда, соли 2016 риштаи сиёсати байналмилалии Донишгоҳи шаҳри Лондонро хатм кардааст. Ӯ соли 2016 ба Афғонистон баргашт ва раҳбарии Сандуқи Аҳмадшоҳи Масъудро ба дӯш гирифт.  Баъди тасарруфи Кобул аз сӯи Толибон Аҳмади Масъуд Ҷабҳаи муқовимати миллиро ташкил дод.

Ҷангҷӯёни Толибон моҳи августи соли 2021 дар пешорӯи хуруҷи нирӯҳои эътилофи таҳти фармони Амрико ва НАТО дар байни ҳамагӣ чанд рӯз ва тақрибан бидуни кадом муқовимати ҷиддӣ аз ҷониби нирӯҳои қаблӣ тавонистанд қаламрави Афғонистонро қариб ба пуррагӣ зери назорати худ дароварда, режими қаблии худро бо номи “Аморати исломии Афғонистон” барқарор кунанд. То ҳол режими нави Толибон эътирофи байналмилалӣ ба даст наовардааст.

Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳои ангуштшуморест, ки аз аввал нисбат ба режими нави Толибон мавқеи тунд гирифт ва ташкили ҳукумати фарогир бо ҷалби намояндагони ҳамаи гуруҳҳои сиёсӣ ва қавмӣ, ба хусус тоҷикҳои Афғонистонро шарти асосӣ барои ҳамкорӣ ва шинохти онҳо номид. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфт, тоҷикҳо 46 фоизи аҳолии Афғонистонро ташкил медиҳанд ва бояд дар ҳар ҳукумат дар он кишвар ҷойгоҳи шоиста дошта бошанд.

Чунин мавқеъгириҳои Душанбе роҳбарони Толибонро асабӣ кардааст. Толибон  чандин бор Тоҷикистонро дар дахолат дар корҳояш айбдор кард ва гуфт, “ҳар амал аксуламале дорад”. Як намояндаи Толибон ҳатто таҳдид кард, ки “агар ҷомиаи байналмилалӣ дахолат накунад, мо Тоҷикистонро дар 24 соат тасарруф хоҳем кард.”

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button