ВарзишВидео

РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА ЧЕМПИОНИ БОКСИ ҶАҲОН ШАВКАТ РАҲИМОВ НИЗ ХОНА ТУҲФА КАРД

Шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ рӯзи 12 ноябри соли 2022 бо як қарори худ ба варзишгари тоҷик Шавкат Раҳимов, дастпарвари МД “Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №9 оид ба бокс”-и шаҳри Душанбе, барои сазовор гардидан ба камарбанди қаҳрамони ҷаҳон тибқи фарзияи IBF (Федератсияи байналмилалии бокс) дар пойтахт хонаи дуҳуҷрагӣ тақдим кард.

Шавкат Раҳимов санаи 5 ноябр дар шаҳри Абу ЗабӣЮ пойтахти Имороти Муттаҳидаи Араб, дар раунди нуҳум муштзани бритониёӣ Зелфа Барреттро ба нокаут фиристод ва бори нахуст дар таърихи бокси касбии тоҷик соҳиби унвони IBF гардид. IBF яке аз бузургтарин созмонҳои бокси касбӣ дар ҷаҳон дониста шуда, соли 1983 дар Амрико таъсис ёфтааст. Дар гузашта муштзанҳои машҳури дунё, аз қабили Ҷорҷ Форман, Эвандер Ҳолифирд, Майк Тайсон, Владимир Кличко сазовори унвони қаҳрамони ҷаҳон тибқи фарзияи  IBF шудаанд.

Дар ду моҳи охир Шавкат Раҳимов инак сеюмин варзишгари тоҷик аст, ки Рустами Эмомалӣ ба онҳо барои пирӯзӣ дар мусобиқаҳои муътабари байналмилалӣ дар пойтахт хона туҳфа мекунад.

Ӯ дар аввали моҳи сентябри соли 2022 ба паҳлавони ҷавони тоҷик Нуралии Эмомалӣ барои пирӯзиаш дар чемпионати ҷаҳон оид ба гуштини дзюдо дар байни ҷавонон дар Душанбе як хонаи нави дуҳуҷрагӣ бо тамоми шароити рӯзгор туҳфа карда буд.

Ҳамин тавр, рӯзи 7 ноябр Рустами Эмомалӣ ба Темур Раҳимов – паҳлавони шинохта ва узви яккачини дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастпарвари “Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гуштин”, барои гирифтани ҷои якум ва ба даст овардани медали тилло дар мусобиқаи “Тоскулоҳи бузурги Боку 2022” (“Baku Grand Slam 2022”) хонаи дуҳуҷрагӣ дар пойтахт бо тамоми шароити рӯзгор ва ба Муллораҷаб Халифаев – дастпарвари “Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №6 оид ба намудҳои гӯштин”-и шаҳри Душанбе барои ҷои дуюм ва гирифтани медали нуқраи ҳамин мусобиқа 100 000 сомонӣ тақдим кард.

Рӯзи 11 ноябр шаҳрдори Душанбе Темур Раҳимов ва Муллораҷаб Халифаевро баъди бозгашташон ба Ватан шахсан ба ҳузур пазируфт ва онҳоро барои ноил гардидан ба медалҳои тилло ва нуқра дар мусобиқаи Тоскулоҳи бузурги Боку 2022 «Baku Grand Slam 2022» ва парафшон кардани парчами Тоҷикистон табрик гуфта, туҳфаҳои эълоншударо ба онҳо супурд.

Хотиррасон менамоем, ки рӯзҳои 04 то 06 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон мусобиқаи Тоскулоҳи бузурги Боку 2022 «Baku Grand Slam 2022» оид ба гуштини ҷудо баргузор гардид, ки дар он варзишгарони зиёда аз 60 давлати ҷаҳон иштирок намуданд. Дар ин мусобиқаи бонуфузи сатҳи олӣ, варзишгарони тоҷик Темур Раҳимов медали тилло ва Муллораҷаб Халифаев медали нуқраро соҳиб гардиданд.

    Бино ба иттилои шаҳрдорӣ, раиси шаҳри Душанбе ба варзишгарон барору комёбӣ таманно карда гуфтааст, ки ҷавонони бо нангу номус муаррифгар ва номбардори ватани хеш маҳсуб меёбанд ва ҳамеша зери таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои пайваста қарор доранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button