ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ СОКИНИ 39-СОЛАИ ДЕҲАИ ЧАГАМИ НАВ ДАР ЗЕРИ ЧАРХИ МОШИНИ “АУДИ”

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки шаби 4-уми ноябри соли 2022, тахминан соати 20:20, ронандаи мошини тамғаи “Ауди-4”, Муроталиев Рустам Сайфуллоевич, соли таваллудаш 1982, сокини ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди деҳаи Чагами нави ҳамин ноҳия аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Авазов Алиҷон Тошназарович, соли таваллудаш 1983, сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа, Авазов А.Т. дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Деҳаи Чагами ноҳияи Шамсиддин Шоҳин зодгоҳ ва макони зисти овозхон ва ширинкори тоҷик Қадами Қурбон аст.

Танҳо дар камтар аз як ҳафтаи охир дар 6 садама дар роҳҳои Тоҷикистон дастикам 10 нафар ҷон бохта, 9 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Дар умум, ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин маълумоти ВКД, дар 6 моҳи аввали соли 2022 дар Тоҷикистон 482 садама рӯй додааст. Дар ин садамаҳо 180 нафар ба ҳалокат расида ва 509 нафар ҷароҳат бардоштаанд. 

Худро ва азизони худро эҳтиёт кунед!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button