ВидеоМуҳоҷирон

ҲАКАМОН ДАР БРЯНСК ДУ ЗОДАИ ДОҒИСТОНРО ДАР ҚАТЛИ ЯК ҶАВОНИ ТОҶИК АЗ ҲИССИ ИНТИҚОМ ГУНАҲКОР ШИНОХТАНД

Рӯзи 9 ноябри соли 2022 дар додгоҳи вилояти Брянски Русия ҳайъати ҳакамон (коллегия присяжных заседателей) ду марди 50-сола ва 44-солаи сокини вилояти Маскав, ҳарду – зодагони ҷумҳурии Доғизистонро дар қатли бераҳмонаи як ҷавони он вақт 28-солаи тоҷик дар моҳи июли соли 2021 гунаҳкор шинохтанд. Додгоҳ бояд акнун рӯзи 17 ноябр дар ҷаласаи навбатиаш ҳукми ин ду нафарро эълон кунад.

Тавре қаблан хабар дода будем, ин моҷарои мудҳиши куштор аз ҳисси интиқом аз он сар шуд, ки

шаҳрванди Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2019 дар як клуби шабона дар шаҳри Маскав бо сокини 21-солаи вилояти Маскав, ки зодаи Доғистон буд, муноқиша карда, ӯро куштааст. Баъди ин ӯ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фирор карда, таҳти ҷустуҷӯ қарор дошт.

Соле баъд падари ҷавони кушташуда Элхон Зайналов дар шаҳри Маскав ду марди он вақт 43- ва 38-солаи зодаи Доғистон мулоқот карда, ба онҳо дар ивази пайдо кардан ва куштани қотили фарзандаш пул пешниҳод кардааст. Онҳо муайян кардаанд, ки шаҳрванди Тоҷикистон дар Брянск пинҳон шудааст. Баъди маълум кардани маҳалли будубоши ӯ, онҳо бо мақсади куштани ҷавони тоҷик бо мошин ба Брянск омадаанд.

Рӯзи 15 июли соли 2021, ду зодаи Доғистон ба манзили шаҳрванди Тоҷикистон дар яке аз биноҳои бисёрқабатаи истиқоматӣ дар хиёбони Ленини шаҳри Брянск зада даромада, ӯро латтукӯб кардаанд ва сипас ба сараш халтаи полиэтиленӣ кашида, бо зӯрӣ аз хонааш рабудаанд.

Сипас онҳо шаҳрванди Тоҷикистонро ба мошини худ бор карда, ба як ҷангал дар ҳудуди ноҳияи Брянск берун аз шаҳр бурда, бо скотч халтаи сари ӯро маҳкам бастаанд ва шаҳрванди тоҷикро зинда ба зинда ба як чуқурии қаблан кандашударо андохта, ба болояш хоку рег рехтаанд.

Ҷавони тоҷик дар зери хок нафасгир шуда, ҷон додааст.

Яке аз ин се нафари муттаҳам ба қатли бераҳмонаи ҷавони тоҷик ба ҳамкорӣ бо тафтишот розӣ шуд ва додгоҳ ӯро пештар алакай ба 11 соли маҳбаси низомаш сангин маҳкум кард.

Додситонии вилояти Брянск гуфт, фармоишгар ва иҷрокунандаи дуюми куштор иттиҳоми ба зиддашон эълоншударо ба гардан нагирифтанд, вале айбдоркунандаи давлатӣ тавонист бо ироаи далелҳои қонеъкунанда ҳакамонро ба гунаҳкор будани онҳо мутақоид кунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button