ВарзишВидео

ҲАЙЪАТИ ТИМИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ БОЗӢ БО ТИМИ РУСИЯ ЭЪЛОН ШУД

Ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии мураббии хорватӣ Петр Сегрт ҳайати дастаи мунтахаби кишварро барои бозии дӯстонаи дарпешистода бо тими миллии Русия, ки рӯзи 17 ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад, эълон кард.

Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дод, ки ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон 28 бозигар шомил гардидааст, ки 15 нафарашонро легионерҳо ташкил медиҳанд. Ба рӯйхати Петр Сегрт 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 12 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагар дохил гардидаанд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз 10 ноябр дар Душанбе омодагиро ба бозии дӯстона бо тими миллии Русия оғоз мекунад.

Бино ба иттилои Федератсия, Фатҳулло Фатҳуллоев дар мавриди анҷоми корномааш дар тими миллии Тоҷикистон тасмимашро дигар кард. Ӯ дар рӯйхати васеи сармураббии тими миллӣ Петр Сегрт қарор дорад ва аз эҳтимол дур нест, ки дар оянда ба мунтахаб даъват шавад. Аз ин рӯ, Фатҳуллоев намехоҳад фаъолияти худро дар тими миллӣ хотима диҳад”, навиштааст ФФТ.

ФИФА ва УЕФА ахиран ба бозии дӯстонаи тими Русия бо тимҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон иҷозат доданд. Бозии Русия бо Ӯзбекистон рӯзи 20 ноябр дар Тошканд доир мешавад. Бо тасдиқи расмии ФИФА ва УЕФА, ин ду бозӣ мақоми расмӣ мегиранд ва натиҷаҳои он дар рейтинги дастаҳо ва омори ҳар даставу футболбозони алоҳида сабт мешавад.

Рӯзҳои 7 ва 8 ноябр дар Душанбе ду бозии дӯстона байни тимҳои футзали Тоҷикистону Русия доир шуд. Дар бозии аввал футзалбозони тоҷик бо ҳисоби 10:7 ғолиб омаданд, вале бозии дуюм бо ҳисоби 2:6 ба нафъи дастаи Русия анҷом ёфт.

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон барои бозии дӯстона бо яккачини Русия:

Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов, Муҳриддин Ҳасанов (ҳарду аз «Истиқлол»), Шоҳрух Қирғизбоев («Хуҷанд»);

Ҳимоятгарон: Ваҳдат Ҳанонов («Персеполис», Эрон), Зоир Ҷӯрабоев («Сурхон», Ӯзбекистон), Манучеҳр Сафаров («Локомотив», Ӯзбекистон), Меҳрубон Каримов («Динамо-Авто», Молдова), Аҳтам Назаров, Сиёвуш Асроров, Алиҷон Кароматуллозода, Далер Имомназаров (ҳама аз «Истиқлол»);

Нимҳимоятгарон: Алишер Ҷалилов (АГМК, Ӯзбекистон), Парвизҷон Умарбоев (ССКА-1948, Булғористон), Амирбек Ҷӯрабоев («Юнайтед Сити», Филиппин), Эҳсони Панҷшанбе («Зуб Оҳан», Эрон), Алиҷони Айнӣ («Краснодар-2», Русия), Комрон Турсунов (TРАУ, Ҳиндустон), Муродалӣ Ақназаров («Анталяспор», Туркия), Хусрав Тоиров («Атирау», Қазоқистон), Салам Ашӯрмамадов («Броук Бойз», Русия), Муҳаммадҷон Раҳимов («Истиқлол»), Хуршед Абдуллоев (КМВА, Душанбе), Азизбек Ҳаитов («Динамо», Душанбе);

Ҳамлагарон: Шаҳром Самиев («Ислоч», Беларус), Рустам Соиров («Левадия», Эстония), Манучеҳр Ҷалилов, Шервонӣ Мабатшоев (ҳарду аз «Истиқлол»), Нуриддин Ҳамроқулов («Хатлон»).

Сармураббӣ – Петр Сегрт (Хорватия).

Валерий Карпин, сармураббии тими миллии футболи Русия алакай рӯзи 7 ноябр ҳайъати ниҳоии тимаш барои машқҳои моҳи ноябрро эълон кард. Ин машқҳо аз 14 то 20 ноябр сурат мегиранд ва дар ин байн, рӯзҳои 17 ва 20 ноябр тими Русия дар Душанбе ва Тошканд бо тимҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ду бозии рафиқона анҷом медиҳад.

Аз ҳайъати эълоншуда бармеояд, ки Карпин барои ин ду бозӣ асосан футболбозони ҷавонеро даъват кардааст, ки аксараш шояд бори аввал дар ҳайъати тими миллии Русия бозӣ кунанд. Албатта, чанд ситора, ба мисли дарвозабон Антон Шунин, ҳимоятгар Георгий Ҷикия, нимҳимоятгарон Андрей Мостовой ва Далер Кузяев, ки падару модараш зодагони Тоҷикистонанд, ва ҳамлагар Фёдор Чалов ҳам ба ҳайъати тими миллии Русия даъват шудаанд. Вале Карпин зоҳиран тасмим гирифтааст, ки дар Душанбе ва Тошканд асосан ба ситораҳои тозанумӯи футболи Русия шанс бидиҳад ва ҳамзамон маҳорату истеъдоди онҳоро бисанҷад.

Қарори маълум, дар пайи ҷанги Русия ба зидди Украина, дастаҳои яккачини Русия ва бошгоҳҳои ин кишвар аз ҳаққи иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалие, ки ФИФА ва УЕФА доир мекунанд, маҳрум карда шудаанд. Иттиҳоди футболи Русия танҳо замоне барои ташкили бозиҳои рафиқонаи тими миллии Русия бо тимҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ба федератсияҳои футболи ин ду кишвар муроҷиат кард, ки бисёре аз кишварҳои дигар, аз ҷумла Эрон, ин пешниҳодро напазируфтанд ва тими миллии Босния ҳатто аз баргузории бозии рафиқонааш бо тими миллии Русия, ки алакай барои рӯзи 19 ноябр дар Петербург барномарезӣ шуда буд, даст кашид.

Ҳайъати ниҳоии тими миллии футболи Русия барои машқҳои моҳи ноябр:

Дарвозабонҳо: Антон Шунин («Динамо»), Александр Селихов («Спартак»), Матвей Сафонов («Краснодар»), Сергей Песяков («Ростов»).

Ҳимоятгарон: Вячеслав Караваев («Зенит»), Даниил Хлусевич, Георгий Ҷикия, Руслан Литвинов (ҳарсе — «Спартак»), Максим Осипенко, Александр Силянов (ҳарду— «Ростов»), Артем Макарчук («Сочи»), Иля Агапов («Пари НН»), Александр Солдатенков («Крилья Советов»).

Нимҳимоятгарон: Дмитрий Баринов, Артем Карпукас, Антон Миранчук (ҳарсе— «Локомотив»), Данил Глебов, Даниил Уткин (ҳарду — «Ростов»), Далер Кузяев, Андрей Мостовой (ҳарду— «Зенит»), Никита Кривцов («Краснодар), Сергей Пиняев («Крилья Советов»), Даниил Фомин, Арсен Захарян (ҳарду— «Динамо»), Антон Зинковский («Спартак») ва Лечи Садулаев («Ахмат»).

Ҳуҷумкунандагон: Фёдор Чалов (ЦСКА), Николай Комличенко («Ростов»), Александр Соболев («Спартак») ва Владимир Сичевой («Оренбург»).

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button