ВидеоДин ва боварҳоМинтақа ва ҷаҳон

АКСҲОИ КОМРОНИ СУБҲОН, ТОҶИКИ МУТТАҲАМ БА ҲАМЛАИ ХУНИН ДАР ЭРОН НАШР ШУД

“Тасним”, хабаргузории нимарасмии Эрон, ки марбут ба Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ шумурда мешавад, рӯзи 9 ноябри соли 2022 ба сурати ихтисосӣ аксҳои  Комрони Субҳон, мулаққаб ба “Абӯ Оиша”, як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки яке аз омилони аслии  ҳамлаи хунини рӯзи  26 октябри соли ҷорӣ ба як мазори муқаддаси шиъаҳо дар шаҳри Шероз шумурда мешавад,  аз ҷумла акси шиносномаи ин ҷавонро нашр кард.  

Дар акси нашршуда Комрони Субҳон ҳамроҳ бо як ҷавони дигар дида мешавад, ки ҳар кадом як ангушти дасти худро ба нишони тавҳид (яккаву ягона будани Худованд) боло бардоштаанд.

Дар акси шиносномаи ӯ мехонем, ки Комрони Субҳон 5 июни соли 1999 ба дунё омада, шиносномаи хориҷиашро 8 сентябри соли 2017 аз шуъбаи милитсияи шаҳри Ҳисор гирифтааст ва ин шиносномаи ӯ то 7 сентябри соли 2027 эътибор доштааст. Бино ба иттилои Озодӣ, дар ШВКД Ҳисор дар бораи кӣ будани Комрони Субҳон изҳори бехабарӣ кардаанд. Дар ҳамин ҳол, орати Тоҷикистон дар Теҳрон дар робита ба шахсияти ин нафар аз мақомоти Эрон маълумоти бештар хостааст, вале ҳанӯз посух нагирифтааст.

“Тасним” бо нашри ин аксҳо бори дигар Комрони Субҳонро омили аслии ҳамла ба ҳарами Шабчароғ дар Шероз ва узви ДОИШ номидааст. Дар он ҳамла 15 кас кушта ва 27 нафари дигар захмӣ шуданд.

Вазорати иттилооти Эрон қаблан, рӯзи 7 ноябри соли 2022 бо нашри як иттилоияи расмӣ хабар дод, ки ҳамаи 26 нафари дастгиршуда дар робита ба ҳамлаи террористии рӯзи 26 октябр ба макони барои шиъаҳо муқаддаси Шабчароғ дар шаҳри Шероз ғайриэронӣ буда, шаҳрвандони Озарбойҷон, Афғонистон ва Тоҷикистон мебошанд. Бино ба ин иттилоия, “унсури аслии ҳидояти амалиёт табааи Озарбойҷон будааст. Омили тирандозӣ табааи Тоҷикистон буд”.

Ин бори аввал аст, ки як шаҳрванди Тоҷикистон дар Эрон бо иттиҳоми даст доштан дар ҳамлаи террористӣ айбдор мешавад.

Бино ба баёнияи вазорати иттилооти Эрон, шаҳрванди Озарбойҷон аз фурудгоҳи Боку ба Теҳрон омада, баъди вурудаш ба қаламрави Эрон ба намояндагони созмони террористии ДОИШ дар  Озарбойҷон ва сипас дар Афғонистон тамос гирифта, хабар додааст, ки алакай дар дохили Эрон аст. Шаҳрванди дастгиршудаи Афғонистонро Муҳаммадромиз Рашидӣ бо лақаби “Абу Басир” ва шаҳрванди дастгиршудаи Тоҷикистон Комрони Субҳон бо лақаби “Абӯ Оиша” ном бурда буданд.

Рӯзи 26 октябри соли 2022 се нафари силоҳбадаст бо мошини “Пежо” аз тарафи кӯчаи 9-ум вориди майдони назди ҳарами Шаҳчароғ дар шаҳри Шерози устони Форс  шуда, болои издиҳоми зоирон оташ кушоданд. Дар натиҷа дастикам 15 нафар, аз ҷумла занону кӯдакон, кушта шуда, 27 нафар ҷароҳат бардоштанд. Гуфта мешуд, ки тирандозро кормандони пулису амният бо оташи ҷавобӣ маҷруҳ ва дастгир кардаанд, вале ӯ дар бемористон ҷон бохтааст. Маълум нест, ки тирандози кушташуда ҳамон шаҳрванди Тоҷикистон будааст ё каси дигар?

Мақомоти Эрон ин ҳамларо кори дасти ҷангҷӯёни ДОИШ номиданд.  Ҷанҷӯёни ДОИШ дар гузашта низ ба зидди шиъаҳо дар Афғонистону Покистон ва кишварҳои дигар чандин ҳамлаи террористӣ анҷом дода буданд.

Аммо рӯзи 30 октябр раиси Маҷлиси Шӯрои исломӣ, парлумони Эрон Муҳаммадбоқири Қолибоф Исроилро ба даст доштан дар ташкили ҳамлаи Шероз айбдор кард. Аз он қабл, рӯзи 28 октябр имоми намози ҷумъаи Теҳрон Амрикоро ташкилкунандаи ҳамлаи Шероз номид ва гуфт, Ҷумҳурии исломӣ интиқоми ин хунрезиро аз Вошингтон хоҳад гирифт.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button