ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

МОШИНИ ФУРАИ ЯК РОНАНДАИ ТОҶИК ДАР ОРЕНБУРГ ДАР ГИЛ ДАРМОНД (ВИДЕО)

Як ронандаи мошини боркаши притсепдор аз Тоҷикистон  рӯзи 7 ноября соли 2022 дар ҳудуди ноҳияи Переволотски вилояти Оренбурги Русия дармондааст. Бино ба гузориши расонаҳои маҳаллӣ, ин ронанда, ки бо шоҳроҳи Самара-Оренбург ҳаракат мекард, дар назди деҳаи Донетское мошинашро дар канори роҳ манъ кардааст. Вале ба сабаби обу ҳавои номусоид чархҳои мошини боркаш дар даруни гил дармондаанд ва ронанда натавонистааст, ки мошинашро мустақилона аз даруни гил берун бикашад.

Кормандони пулис аз ДПС ба ҷои ҳодиса омада, муваққатан ҳаракати воситаҳои нақлиётро дар ин қисмати шоҳроҳ манъ кардаанд ва аз ронандагони ду КамАЗи раҳгузар хостаанд, ки ба ҳамкасби худ дар ин вазъияти мушкил кумак расонанд. Бо кумаки ин ду мошин фураи ронандаи тоҷикро аз гил берун кашидаанд. Ӯ аз самими қалб ба кормандони пулис ва ронандагони он ду КамАЗ изҳори сипос карда, сипас роҳи худро идома додааст.

Деҳаи Донетское аз шаҳри Оренбург ҳудуди 60 километр ва аз марзи Русия бо Қазоқистон ягон 120 километр фосила дорад.

Бисёре аз воситаҳои нақлиёте, ки аз Русия ба кишварҳои Осиёи Марказӣ мераванд ё баракс аз он кишварҳо ба Русия меоянд, аз тариқи вилояти Оренбург мегузаранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button